Ахбор

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Сарвазир оид ба соҳаи кишоварзӣ, вазири кишоварзӣ, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва як қатор ноҳияҳо суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Сарвазир оид ба соҳаи кишоварзӣ, вазири кишоварзӣ, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Панҷ, Ҷайҳун, Шаҳритус ва Қубодиён суҳбати телефонӣ анҷом дода, ҳисоботи онҳоро доир ба вазъи корҳои кишоварзӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба мавсими сармо дар

АҲСАНТ! Варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 соҳиби медали нуқра гардид!

Варзишгари тоҷик Темур Раҳимов имрӯз дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу -2022 аз намуди гӯштини ҷудо соҳиби медали нуқра гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Варзишгари тоҷик Темур Раҳимов дар даври ниҳоии Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 аз намуди гӯштини ҷудо дар вазни +100 кг бо Магомедумар Магомедумаров аз Амороти Муттаҳидаи Араб рақобат намуда, соҳиби

Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд

26 сентябр дар бинои Ҳукумати мамлакат таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 ҳисоботи шахсони масъул шунида шуд.

ИФТИХОРИ ТОҶИКИСТОН! Сомон Маҳмадбеков дар Бозиҳои Осиёии Ханжоу-2022 ба медали тилло шарафёб гардид!

Имрӯз паҳлавони тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар Бозиҳои Осиёии Ҳанжоу-2022 медали тилло ба даст овард, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Мавриди тазаккур аст, ки Сомон Маҳмадбеков дар даври аввал бо ду имтиёзи вазарӣ бар Муаяд Звайб аз Фаластин пирӯз шуда, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар даври чаҳорякниҳоӣ Сомон бо имтиёзи иппон бар Асад Масабирови қирғиз ғалаба намуда, ба даври нимниҳоии Бозиҳои Осиёи Ханжоу баромад.

Дар қисмати ниҳоӣ Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг бо Ли Ҷунван аз Кореяи Ҷанубӣ сабқат намуда, бар ӯ бо як вазарӣ ғолиб омад ва сазовори...

Страницы