Ахбор

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.

Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.

ҶАСОРАТ, ШУҶОАТ, САДОҚАТ, МАТОНАТИ МАРДОНАГӢ ДАР ҲИФЗИ АМНИЯТИ ВАТАН. Эҳдо ба Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 28 декабр Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ муқаррар шудааст. Аз моддаи 3-и  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллӣ» бармеояд, ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти таъйиноти махсуси ҷумҳуриявӣ буда, дар доираи салоҳияти худ сиёсати давлатиро дар соҳаи амнияти миллӣ ва муҳофизати Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намуда, танзим ва идоракуниро дар соҳаи таъмини амнияти шахс, ҷамъият ва давлат ба амал бароварда, дар ин соҳа фаъолияти дигар мақомоти ҷумҳуриявии идораи давлатиро ҳамоҳанг месозад, инчунин самтҳои асосии фаъолият ва вазифаҳои мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон: «Мо тасмим гирифтаем, ки соли 2025 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода диҳем»

«Мо тасмим гирифтаем, ки соли 2025 агрегати сеюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода диҳем», — иброз гардид дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар идома Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бо ин мақсад дар соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 5 миллиард сомонӣ равона гардид.

Дар 2 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо фарогирии 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст

Ҷиҳати рушди минбаъдаи соҳаи саноати мамлакат солҳои 2022-2026 — Солҳои рушди саноат эълон гардид, ки барои амалӣ намудани ин иқдом тайи 2 соли охир беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо фарогирии 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Чунин иброз гардид имрӯз дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ».

Страницы