Ахбор

Дар Душанбе Намоишгоҳи миллии молу маҳсулоти Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд

Имрӯз дар Маҷмааи «Манеж»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи миллии молу маҳсулоти Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, ки дар он беш аз 50 ширкати эронӣ дар бахшҳои энергетика, кишоварзӣ, сохтмон, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозӣ ва дигар самтҳо маҳсулоти худро муаррифӣ намуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Мулоқоти Раиси Кумита бо Сафири Ҷумҳурии Туркия

Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита Саид Нуриддин Саид бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот доираи васеи ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия дар соҳаи телевизион ва радио мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Нуриддин Саид дар оғози доир  ба самтҳои гуногуни фаъолияти Кумита маълумот дода, аз ҷумла зикр намуд, ки рушди соҳаи телевизион ва радио дар ҷумҳурӣ, асосан ба давраи соҳибистиқлолии мамлакат рост меояд. Зеро, маҳз  дар ин давра бо ташаббусу дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳҳо шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии шакли моликияташон гуногун ба фаъолият шурӯъ карда, дар таъмини фазои иттилоотии мамлакат саҳми босазо мегузоранд.

Оғози сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия

25 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Пулково

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия

25 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии роҳбарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд.

Страницы