Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Губернатори вилояти Свердловски Федератсияи Русия Евгений Куйвашев мулоқот анҷом доданд
Нашр шуд. Чор, 29/11/2023 - 08:39

Тоҷикистон ҷонибдори таъсис додани Котиботи СПЕКА мебошад. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар Саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) изҳор намуданд.
«Мо бар онем, ки фаъолияти мақоми нави доимӣ бояд тибқи авлавиятҳои рушди иқтисодии ҳамаи кишварҳои иштирокчӣ сурат гирад, — таъкид доштанд Сарвари давлат. — Омодаем, ки пешниҳодҳоро оид ба шакл ва макони ҷйгиршавии Котибот ба таври созанда баррасӣ намоем».
Пешвои миллат иброз намуданд, ки вақти он расидааст дар доираи Барнома лоиҳаҳои муштараки воқеан амалкунанда ба татбиқ расонида шаванд.

Соли 2024 раёсат дар Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон мегузарад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар робита ба ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Саммити СПЕКА, ки 24 ноябр дар шаҳри Боку баргузор шуд, омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати дар якҷоягӣ бо давлатҳои иштирокчӣ гузоштани саҳми сазовор дар ноил гардидан ба вазифаҳое, ки дар чорчӯби Барнома муайян шудаанд, иброз намуданд.

Аз 27 то 29 ноябр дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Конгресси III байналмилалии «Сиёсати забонии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баргузор мегардад. Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш олимону муҳаққиқон ва забоншиносон муаррифӣ менамоянд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Конгрес бо ибтикори Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва дар якҷоягӣ бо «Россотрудничество» дар заминаи Донишгоҳи давлатии забоншиносии Минск баргузор мегардад.
Copyright KTR © 2025,
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе, к. Шероз 31. E-mail: info@ktr.tj
