Оғози сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Нашр шуд. Ҷум, 24/11/2023 - 07:23
23 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар саммити Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ташриф оварданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Боку Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.
Ба истиқболи меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду мамлакат оро ёфта, афсарони Қаровули фахрӣ саф оростанд.

23 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар саммити Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ аз шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон сафар намуданд.
21 ноябр хабари дар Қасри Кремл бо ордени «Барои хизмат дар назди Ватан» сарфароз гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки бо сафари расмӣ дар пойтахти Федератсияи Русия қарор доштанд, шунида, ҳисси ифтихор вуҷудамро фаро гирифт. Аз тоҷику тоҷикистонӣ буданам ифтихор кардам.



