Ахбор

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик якчанд иншооти нави соҳаро баъди бунёду навсозӣ ифтитоҳ намуданд

10 ноябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик якчанд иншооти нави соҳаро баъди бунёду навсозӣ ифтитоҳ намуда, бо маҳсулоти хоҷагиҳои ёрирасони назди Вазорати корҳои дохилӣ шинос шуданд.

Дар Ню-Йорк вохӯрии Гурӯҳи дӯстони об баргузор гардид

7 ноябр бо мизбонии Швейтсария дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк вохӯрии навбатии Гурӯҳи дӯстони об доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Душанбе доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ҳамоиш доир шуд

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 ноябр бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии мамлакат ҳамоиши ҷавонон таҳти унвони «

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумита

9 ноябри соли 2023 ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа як қатор масъалаҳои рӯзмарра, аз ҷумла баргузории машғулиятҳои омӯзишӣ дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои телевизиониву радиоӣ ва матбуоти даврӣ, тақвияти бахши хабарӣ, афзун бахшидани сатҳи забондонӣ, тавсеаи ҳамкориҳо бо коршиносону олимон зимни таҳияи барномаҳо вобаста ба мавзуоти минтақа ва ҷаҳон, риояи меъёрҳои забони давлатӣ дар гузоришу барномаҳо, тарҷума, дубляж ва таҳияи филмҳои хурди мустанад, инъикоси навъҳои гуногуни варзиши миллӣ дар шаҳру деҳот ва дигар масъалаҳо марбут ба фаъолияти сохторҳои Кумита мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Страницы