Ахбор

Ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино мулоқот намуд

Ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ташриф оварда, бо донишҷӯёни донишгоҳ вохӯрӣ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо бо фаъолияти донишгоҳ, аз ҷумла корҳои амалӣ, ҷараёни гузаронидани ҷарроҳӣ, намоиши китобҳои муштарак шинос шуда, ҳамзамон бо донишҷӯёни донишгоҳ вохӯрӣ намуд.

Тазаккур дода шуд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар солҳои фаъолият бештар аз 50 ҳазор табиб омода намудааст, ки имрӯз онҳо на танҳо дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон, балки дар бисёр давлатҳои хориҷӣ фаъолият доранд. Роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҷаҳонишавии таҳсил, ҷараёни рушди илм ва талаботи имрӯза ба раванди таҳсилро ба назар гирифта, «Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино то соли 2025»-ро таҳия намуданд.

Мутахассисони омоданамудаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар беш аз 50 давлати дунё фаъолият менамоянд.

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон

8 ноябр дар Қасри миллат дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон музокироти сатҳи олии ду давлат баргузор гардид.

Дидору гуфтугӯҳо аз мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ оғоз гардида, бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо идома ёфтанд.

Дар доираи барномаи сафар зимни мулоқоту гуфтушунидҳо, ки дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардиданд, доираи васеи масъалаҳои мубрами муносибат ва ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Изҳори боварӣ шуд, ки муштаракоти зиёди таърихиву фарҳангии ду мардуми бародар минбаъд низ барои таҳкими фазои ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ дар муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд заминаи мусоид хоҳанд гузошт.

Ҷонибҳо аз фазои созанда ва тамоюли мусбати муносибатҳои ду давлат ва тавсеаи муҳтавои онҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар ин зимн мавҷудияти имконоти фаровони Тоҷикистон ва Эрон барои густариш ва рушду таҳкими минбаъдаи робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун мавриди таъкид қарор гирифт.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ оғоз шуд

8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмон идона оро ёфта буд, баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эронро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард

Имрӯз, 8 ноябр Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисиро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Дар доираи ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҷумҳурии Исломии Эрон пешбинӣ гардида, доираи васеи ҳамкории дуҷониба баррасӣ мешавад. Пас аз мулоқоту музокироти сатҳи баланд байни Тоҷикистон ва Эрон якчанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешаванд.

Ҳамчунин тибқи барномаи сафар, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода мулоқот намуда, дар анҷумани соҳибкорони Тоҷикистон ва Эрон иштирок менамояд.

Страницы