Ахбор

ТЕАТР- ПАЙВАНДГАРИ МАЪНАВИИ НАСЛҲО. Дар Душанбе Рӯзи театри тоҷик бо шаҳомати хосса таҷлил гардид

Тавре қаблан иттилоъ додем, 7 ноябр бо иштироки роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарону кормандони театру муассисаҳои фарҳангии мамлакат дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Рӯзи театри тоҷик бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ҳунармандон ва дӯстдорони ҳунари волои театрро бо фарорасии ин рӯз самимона табрик намуда, даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро давраи пешрафт ва густариши театри тоҷик номид.

Иброз гардид, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 театри нав таъсис дода шуд ва алҳол шумораи умумии театрҳои касбӣ дар ҷумҳурӣ 18-то мебошад. Албатта, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ санъати театрии мамлакат ба бисёр муваффақият ноил гардид.

Тазаккур дода шуд, ки ин ҳама пешравию муваффақият шаҳодати дастгирии ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Театр ҳунари андешасоз аст, ки дар фарҳанги ҳар миллат ҷой дорад.

Дар Душанбе вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид

Имрӯз дар Душанбе дар доираи баргузории Форуми соҳибкории Тоҷикистон ва Эрон вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистон ва Эрон дар шакли «Соҳибкор бо Соҳибкор» (B2B) баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Вохӯрӣ бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он беш аз 150 ширкат аз ҳарду ҷониб ҳузур доштанд.

Роҳбарон ва масъулони вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорон,  намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаҳои фарматсевтика, саноат, инфрасохтор, кишоварзӣ, энергетика, хизматрасонии молиявӣ ва сайёҳӣ, инчунин технологияҳои иттилоотӣ дар панелҳои алоҳида иштирок намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ байни субъектони бахши хусусии ду давлат якчанд санади нави ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба иттилои расида, дар моҳҳои январ-сентябри соли равон гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон 175,2 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,9 млн доллар ё 11,4 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар Душанбе ҷаласаи умумии Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо доир гардид

Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи умумии Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки зиёда аз 20 коршиноси байналмилалӣ, намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар доданд.

Дар ҷаласа иброз гардид, ки дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтар намудани фаъолияти экологӣ  пайваста тадбирҳои муасир андешида мешавад. Баррасии натиҷагирии фаъолияти чоруми экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастовардҳои назаррасро дар ин самт тасдиқ намуд. Тоҷикистон аввалин давлате аст, ки баррасии чоруми фаъолияти экологиро анҷом медиҳад.

Ҳамзамон баён гардид, ки Шарҳи натиҷаҳои фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист арзёбии пешрафти давлат дар соҳаи мувофиқаи вазифаҳои экологӣ, иқтисодӣ ва риояи уҳдадориҳои байналмилалии ҳифзи табиат мебошад.

Таъкид гардид, ки Барномаи шарҳи натиҷаҳои фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба давлатҳо дар беҳтар намудани идоракунии муҳити зист ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти экологӣ мусоидат намуда, мубодилаи иттилоотро байни давлатҳо оид ба сиёсати экологӣ ва таҷрибаи татбиқи он ташвиқ менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Корхонаи истеҳсоли сементи ҶСП «Тоҷиксемент»-ро ифтитоҳ намуданд

7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Корхонаи истеҳсоли сементи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Тоҷиксемент”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхона дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри

Страницы