Ахбор

Бо татбиқ намудани талаботи Конститутсия ҷомеа боз ҳам хушбахт ва давлат пешрафта мегардад

Амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пеш аз ҳама, ба он асос меёбад, ки онҳо дар Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд ва иҷрои онҳо кафолат дода мешавад. Арзишҳои олӣ, ки дар Конститутсия ба сифати рукнҳои бунёдии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эътироф шудаанд, меҳвари фаъолияти давлат ва мақомоти онро ташкил менамоянд. Ин нукта 2 ноябр зимни баргузории ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баён гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон хабар доданд, дар ҳамоиш иброз гардид, ки Конститутсияи мо ҳамчунин ифодагари манфиатҳои олии миллат ва давлат, низоми устувори давлатдорӣ, ҳимояи истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ, тамомияти арзӣ, волоияти қонун ва фаъолияти бонизоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба шумор рафта, қабули ин санади сарнавиштсоз имкон дод, ки дар Тоҷикистон тадриҷан сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои зарурӣ равона шавад, қонунияту тартибот ҳукмрон гардад ва дар ин замина соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт рушд ёбанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон узви бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Чин, котиби якуми кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Синжуйро ба ҳузур пазируфтанд

2 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узви бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Чин, котиби якуми кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Ма Синжуйро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни музокирот доираи васеи масъалаҳои  муносибатҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар чорчӯби шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сарвари давлати мо тамоюли мусбати рушди ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, нақлиёт, энергетика ва кишоварзӣ, ҷалби технологияҳои муосир, ҳамчунин дар соҳаҳои гуманитарӣ, бахусус маориф ва сайёҳӣ иброз намуданд.

Ҳамзамон имконияти мусоиди рушди ҳамкории ҷонибҳо дар бахшҳои ояндадори иқтисоди рақамӣ ва “сабз”, бахусус электроэнергетика ва зерсохтори он, таҷдиду сохтмони роҳҳо мавриди таъкид қарор гирифт.

Шараф Шерализода дар ҷаласаи навбатии Шурои генералии Созмони ҷаҳонии савдо иштирок намуд

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода 1 ноябр дар ҷаласаи навбатии Шурои генералии Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС) иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд.

Дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба такмили мавзуъҳои Конфронси 13-уми вазирони Созмони ҷаҳонии савдо, аз ҷумла ислоҳоти СҶС, ҳалли баҳсҳо, савдо ва рушд, барномаи кории созмон оид ба тиҷорати электронӣ, ҷанбаҳои тиҷоратии моликияи зеҳнӣ (TRIPS), саноати ҷаҳонӣ ва занҷираи таъминот, инчунин шомилшавии давлатҳо ба Созмони ҷаҳонии савдо баррасӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки 2 марти соли 2013 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви 159–уми комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии савдо (СҶС) гардид.

КОНСТИТУТСИЯ-САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА САОДАТУ СОЗАНДАГӢ. Он воқеан ҳам ифодагари иродаи халқи Тоҷикистон аст, зеро бо аксарияти мутлақи раъйи мардум қабул гардидааст

Дар фазои сулҳу амнияти комил ва авҷи саодату шукуфоӣ мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сарварии хирадсолоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳамасола 6 ноябрро ҳамчун Рӯзи Конститутсия бо шукуҳу ифтихори баланди ватандорӣ ва шукргузории комил аз дастоварду комёбиҳои беназири даврони соҳибистиқлолӣ таҷлил менамоянд.

Страницы