Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи нассоҷии ҶДММ «Арвис»-ро ифтитоҳ намуданд
Нашр шуд. Чор, 01/11/2023 - 15:34
31 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи нассоҷии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арвис»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он шинос гардиданд.
Корхонаи нав, ки дар асоси технологияи замонавӣ бунёд гардидааст, ба истеҳсоли матои патдор ва маҳсулоти тайёри патдор, аз қабили намудҳои гуногуни сачоқ, халат барои тамоми синну сол ва дигар номгӯи маҳсулот машғул мебошад.
Корхонаи нассоҷии “Арвис” имкон дорад, ки дар як сол 3 ҳазору 600 тонна ресмони пахтагинро коркард намуда, аз он маҳсулоти патдор истеҳсол ва бо сифати баланд ва тарҳу шакли бозоргир пешниҳоди харидорон намояд.
Дар оянда содироти маҳсулоти тайёри ҷамъият низ марҳила ба марҳила дар назар дошта шудааст, зеро дастгоҳу таҷҳизоти корхона имконият медиҳад, ки маҳсулоти ниҳоии он дар доираи стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол карда шавад. Айни замон корхонаи нав 500 номгӯйи маҳсулоти нассоҷиро истеҳсол менамояд.

31 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Зебунисои ноҳияи Шоҳмансур марҳилаи дуюми корхонаи қолинбофии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қолинҳои Душанбе»-ро ба истифода дода, бо намоиши маҳсулоти корхона шинос шуданд.
Субҳи 31 октябр аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе ба хотири истиқболи сазовор аз ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва ҷиҳати амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати мамлакат 7 корхонаи калони саноатӣ бо беш...




