Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулл аз ноҳияи Рӯдакӣ мулоқот намуданд
Нашр шуд. Пан, 26/10/2023 - 15:06
26 октябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи фарҳангию фароғатии ноҳия бо зиёда аз 60 нафар ятимони кулл аз ноҳияи Рӯдакӣ мулоқот ва ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат нахуст аз ҳолу аҳволи ятимону ниёзмандон бохабар гардида, бо вазъи зиндагии онҳо аз наздик шинос мешаванд.
Дар мулоқоти имрӯза ба ятимони ноҳияи Рӯдакӣ, дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идомаи ғамхориҳо нисбат ба ятимон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари оростани хони пурнозу неъмат ва зиёфат, ба наврасону ҷавонони ятим, ки бо амри тақдир аз навозиши падару модари худ бенасиб мондаанд, китоб, сару либос, кумаки молиявӣ ва шириниҳо тақдим гардид.
Ятимон ҳангоми суҳбат ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуда, ба Пешвои раъиятпарвари худ ҷиҳати ғамхориҳои пайваста ва падаронаашон аз самими қалб миннатдорӣ баён намуданд.

26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо лоиҳаи муфассали банақшагирии ҷамоатҳои шаҳраки Сомониён, Мирзо Турсунзода, Навобод, деҳоти Роҳатӣ ва Чортеппа шинос шуданд.
26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ Боғи фарҳангию фароғатиро баъди таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 3-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.



