Ахбор

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Ҳосила» ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ шинос шуданд

26 октябр Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Ҳосила”-и деҳоти Чоргултеппа шинос шуданд.

Хоҷагии деҳқонӣ дар доираи татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат — таъмини амниятии озуқаворӣ таъсис дода шудааст.

Кишоварзон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳамасола ду-се ҳосил ба даст оварда, дар баробари таъмини сокинони ноҳия бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ бозори истеъмолии пойтахтро низ таъмин менамоянд.

Хоҷагии деҳқонии «Ҳосила» 1 гектарро ташкил намуда, аллакай кишти тирамоҳии ғалла ва макка барои дон гузаронида шудааст. Инчунин меҳнаткашон ҳамасола аз замин намудҳои гуногуни сабзавотро истеҳсол ва ба бозор пешниҳод менамоянд.

Хоҷагӣ аз ҷониби сокини ноҳия Ҳосила Хоҷамқулова таъсис дода шуда, ҷиҳати самаранок истифода бурдани замин ва гирифтани чанд ҳосил саҳмдорон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва риояи қоидаҳои агротехникӣ кишту парвариши зироати гуногунро ба роҳ мондаанд.

Иқтидори тавлиди энергияи «сабз»-и Тоҷикистон дар панели сатҳи баланди форуми «Дарвозаи ҷаҳонӣ»-и Иттиҳоди Аврупо муаррифӣ шуд

25 октябр ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар панели сатҳи баланди ташаббуси «Дарвозаи ҷаҳонӣ»-и Иттиҳоди Аврупо зери унвони «Гузариши сабз ва тавлиди гидроген» иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Сироҷиддин Муҳриддин бо ишора ба зарфияти мавҷудаи Тоҷикистон соҳаи гидроэнергетикаро аз ҷумлаи муҳимтарин заминаи «гузариши сабз» ва манбаи асосии тавлиди гидрогени «сабз» номид.

Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули Стратегияи иқтисоди «сабз» заминаҳои бунёдии гузариш ба иқтисоди «сабз»-ро муҳайё намуда, ният дорад то соли 2050 тавлиди барқ аз ҳисоби манбаҳои таҷдидшавандаро ду маротиба афзоиш диҳад.

Вазири корҳои хориҷӣ ҳамчунин ба мавҷудияти захираҳои табиӣ ва элементҳои нодир дар Тоҷикистон ишора намуд, ки давлатҳои аз лиҳози саноат рушдёфта ба онҳо ниёз доранд.

Ӯ аз давлатҳои шарик ва муассисаҳои молиявӣ даъват намуд, ки аз имконоти мавҷуда истифода бурда, ба ҳамкории мутақобилан судманди ҷонибҳо мусоидат намоянд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ Корхонаи парандапарварии «Ҳилол»-ро ба истифода доданд

26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, вусъати кишти тирамоҳӣ ва ифтитоҳи якчанд  иншооти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сароби деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ Корхонаи парандапарварии «Ҳилол»-ро ба истифода дода, бо фаъолияти он шинос гардиданд.

Коргоҳи нав асосан ба парвариши парандаҳои навъи мурғи марҷон, кабк ва фазан машғул буда, дар навбати аввал ҳадаф дорад эҳтиёҷоти бозорҳои дохилиро бо гӯшти парҳезии паранда қонеъ созад. Бо афзоиш ёфтани иқтидори парваришу истеҳсол дар оянда содироти маҳсулоти ниҳоӣ  ба дигар давлатҳо низ дар назар дошта шудааст.

Ба фаъолият оғоз намудани ин корхона боиси таъмини 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардид.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бо лоиҳаи сохтмони коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунаромӯзӣ шинос гардиданд

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои ободонию созандагии сокинони ватандӯсти шаҳри Ваҳдат, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хушрӯз» Саъдуллоев Шамсулло ва бародарон Саъдуллоевҳо шинос шуданд.

Аз ҷониби соҳибкорон танҳо дар деҳоти Шаҳдбор 1 километр роҳи мошингард бо паҳноии 8 метр мумфарш карда шуда, бунёди маркази ҳунаромӯзӣ барои занону духтарони шаҳри Ваҳдат идома дорад.

Роҳи мазкур чароғон карда шудааст ва минбаъд барои рафтуомади бемонеи сокинону нақлиёт хизмат мерасонад.

Ёдовар мешавем, ки зимни як сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат 27 июни соли 2017 ва аснои ба истифода додани корхонаи хурди истеҳсолӣ ва нуқтаи таъмири нақлиёт дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хушрӯз” Сарвари давлат ба соҳибкори ватанӣ барои бунёди як коргоҳи дӯзандагӣ ва ҳунаромӯзӣ дастуру ҳидоятҳо дода буданд. Инак бунёди маркази ҳунаромӯзӣ бо 60 ҷои корӣ оғоз гардида, дар назар аст, ки дар ин ҷо синфхонаи таълими ронандагон, дӯзандагӣ, пазандагӣ, забономӯзӣ ва касбомӯзӣ идома дорад.

Страницы