Ахбор

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Испания
озод намудани Ҳомидов Ҷ.Т.

«ИННОПРОМ-2023». Дар 13-умин Намоишгоҳи байналмилалии саноатӣ дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид

10 июл дар ҳошияи Намоишгоҳи 13-уми байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ-2023», ки дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия идома дорад, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар ҳамоиш бахшида ба ҳамкории кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаи саноат иштирок намуд. Дар ин Намоишгоҳ гӯшаи саноатии Тоҷикистон ташкил гардида, дар он маҳсулоти ватании ба содирот нигаронидашуда

Ҷамъбасти фаъолияти нимсола дар мушовараи Кумита

Имрӯз дар толори Академияи ВАО Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа раиси Кумита Саид Нуриддин Саид, мудири шуъбаи Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Бобозода, муовинони раис, роҳбарони раёсату сохторҳо, шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, сармуҳаррирон, саркоргардонҳо, сардорони идораҳои телевизион ва радиоҳои вилоятӣ иштирок доштанд.

Аз 1 август тамоми сохторҳои мақомоти шаҳри Душанбе барномаи «Пардохти ҳушманд (Smart Pay)»-ро истифода мебаранд

Аз 1 август сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати гузаштан ба пардохти ғайринақдӣ, барномаи «Пардохти ҳушманд (Smart Pay)»-ро дар фаъолияти кории худ истифода мебаранд. Дар ин хусус қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид.

Қарори мазкур бо мақсади таъмини пардохти ҳамаи андозҳою боҷҳои давлатӣ, ҷаримаҳо, барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ ҷиҳати амалишавии марҳилаи якуми барномаи Пардохти ҳушманд (Smart Pay) ба роҳ монда мешавад.

Страницы