Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуданд Нашр шуд. Шан, 30/11/2024 - 12:48 18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд корхонаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Назар»-ро ба истифода доданд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ «Технологияи полимерӣ» оғоз бахшиданд Нашр шуд. Шан, 30/11/2024 - 12:44 18 ноябр дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Технологияи полимерӣ» оғоз бахшиданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли пойафзолро ифтитоҳ намуданд Нашр шуд. Шан, 30/11/2024 - 12:42 18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Саноатчиёни шаҳри Бӯстон дар назди Корхонаи фаръии зардӯзию заргарӣ ва касбомӯзии “Зари Суғд” корхонаи истеҳсоли пойафзолро ба истифода доданд.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Маркази ташхису табобатии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд Нашр шуд. Шан, 30/11/2024 - 12:39 18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким”-ро мавриди истифода қарор доданд.