Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилиро ифтитоҳ намуданд

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои навбунёди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дорои 24 ҳуҷраи корӣ ва иншооти ёрирасон мебошад. Дар ошёнаи якум китобхонаи кушоду барҳаво бо асарҳои Пешвои миллат, шоирону нависандагони классик ва муосири халқи тоҷик, адабиёти соҳавӣ ва 10 ҳазор нусхаи китобҳои электронӣ, қисми навбатдорӣ, анбори нигоҳдории либос ва маводи хӯрока мавҷуд мебошад.

Кормандони шуъба метавонанд дар вақтҳои барояшон мусоид озодона вориди китобхона гашта, адабиёти лозимаи хешро дастрас ва мутолиа намоянд.

Ҳамзамон дар китобхона 2 компютер насб карда шудааст, ки ба шабакаи интернет пайваст мебошад.

Дар бинои навбунёд толори кушоду барҳавои маҷлисӣ бо 80 ҷойи нишаст, ошхона барои 60 нафар ва толори варзишӣ барои машқу тамрини кормандон сохта шудааст. Толори маҷлисӣ барои баргузории ҳамагуна вохӯриву мулоқот ва чорабиниҳои сиёсӣ — тарбиявӣ бисёр мувофиқ мебошад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи рӯҳӣ ва наркологии минтақаи Кӯлобро мавриди истифода қарор доданд

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи рӯҳӣ ва наркологии минтақаи Кӯлобро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти соҳаи тандурустӣ аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳати замини он 5 ҳазору 658 метри мураббаъро дар бар мегирад. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фариддун» ба иҷро расонида шудаанд.

Аз рӯи лоиҳа дар бинои мазкур ҳам бемориҳои наркологӣ ва ҳам бемориҳои рӯҳиву равонӣ табобат карда мешаванд.

Дар Беморхонаи наркологӣ дар минтақаи Кӯлоб 40 кати хоб, 8 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои занона ва мардонаи беморони майзада, наркологӣ, экспертизаи судӣ, табобати ҷойивазкунандаи ёрирасон, наркологии наврасон, эҳёгарӣ ва шуъбаи таҳлил мавҷуд мебошад, ки ҳамаи онҳо ба талаботи замони имрӯза ҷавобгӯ мебошад.

Дар таҳхона дармонгоҳ, озмоишгоҳи клиникӣ, бахши ташхисӣ ва экспертизаи наркологӣ, ҳамзамон Маркази экспертизаи тиббию судии минтақаи Кӯлоб ҷойгир карда шудааст.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-ро ба истифода супориданд

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳри Кӯлоб бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-ро ба истифода супориданд.

Бинои нави таълимӣ аз 2 ошёна иборат буда, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шудааст.

Иншооти иловагии таълимӣ барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои 10 синфхона, аз ҷумла физика, биология, химия, технологияи иттилоотӣ, ҳуҷраи омӯзгорон, синфхонаи томактабӣ ва дигар иншооти ёрирасон буда, бо дастгоҳу аёнияти таълимӣ маҷаҳҳаз мебошад.

Бо ифтитоҳи бинои нави таълимӣ шумораи синфхонаҳои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42 дар шаҳри Кӯлоб ба 25 адад расид ва мушкили норасоии ҷойи нишасти хонандагон пурра бартараф шуд. Дар мактаб беш аз 30 нафар ба ҳайси омӯзгор ба кор ҷалб гардидаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба гузаштагон оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид баҳри пойдории суботу оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол, осудагии мардуми мамлакат ва пешрафту шукуфоии Ватан дуову фотиҳаи нек намуданд.

Мақбара ва ҳудуди оромгоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ пурра таҷдиду навсозӣ гардида, ба макони ободу зебо табдил дода шуд, ки ҳамарӯза садҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ барои зиёрат ва боздид ба ин макон меоянд.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шахсияти шинохтаи олами илму маърифат буда, маҳз эътирофи мартабаи бародарию баробарии одамон, эҳсону мурувват, нақши илму маориф ва маърифати аҳолӣ, тарғиби сулҳу оромӣ, фарҳанги сулҳ ва таҳаммулгароӣ ӯро машҳури ҷаҳон намуд ва имрӯз дар кишварҳои гуногуни олам пайравону эътиқодмандони зиёд дорад.

Страницы