Ахбор

Рустами Эмомалӣ: «Дар 20 соли охир ба Тоҷикистон беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд»

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 29-уми сентябр зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи «Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе – 2023» изҳор доштанд, ки дар Тоҷикистон дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ солҳои охир барои беҳтар намудани суръати тараққиёти соҳаҳои асосии иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон

Ҳамтоёни муҳтарам,

Муҳтарам хонум Катрина Клаас,

Муҳтарам иштирокчиёни Форум!

Пеш аз ҳама мехоҳам ба Кумитаи шарқии иқтисоди Олмон барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баргузории форуми имрӯза изҳори сипос намоям.

Масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳои мо ба шумор мераванд.

Бо шарофати дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон босуръат тараққӣ карда истодааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Кантслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот намуданд

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар ҳошияи Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон” бо Кантслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот намуданд.

Дар рафти мулоқот маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории ҳамаҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, аз ҷумла энергетика, саноат, нақлиёт, ҳамчунин фарҳангию гуманитарӣ, бахусус маориф ва сайёҳиро муҳокима намуданд.

Дар доираи барномаҳои рушди босуръати саноат соҳаи маъданҳои кӯҳӣ, металлургӣ, мошинсозӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ ва ҷалби сармоя ба бахшҳои мухталифи саноат, ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок муайян гардиданд.

Бо дарназардошти имкониятҳои содиротии Тоҷикистон таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва марказҳои логистикӣ дар кишвари мо зарур шумурда шуд.

Ҳамкорӣ дар самти об, тағйирёбии иқлим, рушди иқтидорҳои тавлиди “неруи сабз” ва татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо, аз мавзӯъҳои муҳимми мулоқот буданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии якуми сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ ва Олмон» иштирок намуданд

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Олмон” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ сарони давлатҳо самтҳои минбаъдаи ҳамкории судмандро мавриди муҳокима қарор доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ мусоидат хоҳанд намуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон ва давлатҳои минтақа барои амиқтар намудани ҳамкории минтақавӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисодӣ, аз ҷумла обу энергетика, саноат нақлиёту коммуникатсия ва ғайра саъю кӯшиши муштарак доранд.

“Мо манфиатдорем, ки ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо Олмон ва давлатҳои минтақа бо назардошти иқтидори ҷонибҳо афзоиш ёбад”, — иброз доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Пешвои миллат дар ин зимн рушди ҳамкорӣ дар соҳаи “иқтисоди сабз”, рақамикунонӣ ва инноватсияро амри муҳим шумурданд.

Страницы