Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки Ассотсиатсияи воситаҳои ахбори оммаи давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад
Нашр шуд. Пан, 14/09/2023 - 20:24
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки Ассотсиатсияи воситаҳои ахбори оммаи давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад. Ин пешниҳод аз ҷониби Президенти Тоҷикистон дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, баён гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии Абулқосим Фирдавсӣ» — и шаҳри Душанбе «Намоиши таомҳои миллӣ, идҳои тарбуз, харбуз, каду, себ, ангур ва Фестивали Оши палав» доир гардид, ки дар он намояндагони баландпояи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон, роҳбарон ва намояндагони дигар вазорату идораҳо, намояндагону кишоварзони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ...
Дар ин лаҳзаҳо дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
14 сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев, ки ҳамчун меҳмони фахрӣ дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок менамояд, мулоқот намуданд.



