Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ташриф овард
Нашр шуд. Пан, 14/09/2023 - 11:29
Имрӯз, 14 сентябр Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев барои иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе..

Имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони Осиёи Миёна оғоз гардид. Форуми мазкур бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Имрӯз, 14 сентябр Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барои иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мавзуи «Иқтисоди рақамӣ, савдои рақамӣ ва инноватсия» ба кор оғоз намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».



