Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов ба Тоҷикистон ташриф овард
Нашр шуд. Пан, 14/09/2023 - 10:26
Имрӯз, 14 сентябр Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов барои иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

14-15 сентябри соли 2023 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир мешавад ва ҷиҳати иштирок дар ин чорабинии сатҳи баланд роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Душанбе меоянд. Интизор аст, ки дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ муҳимтарин масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкории...





