Дар Душанбе Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Нашр шуд. Чор, 13/09/2023 - 10:13
14 сентябр, соати 10:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Иқтисоди рақамӣ, савдои рақамӣ ва инноватсия» Форуми иқтисодии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат хабар доданд.
Ҳамоиш дар чаҳорчӯби Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ...

Ба ҳамагон маълум аст, ки 14-15 сентябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир мегардад. Ҳамзамон дар ин рӯзҳо дар пойтахти Тоҷикистон баргузории ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба нақша гирифта шудааст.
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Марокаш муҳтарам Муҳаммади VI ибни Ҳасан барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
9 сентябр дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадтоир Зокирзода ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода бо намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии сокинони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд шинос шуданд.



