Ахбор

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба муносибати 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои шодбошӣ ворид мегарданд.

Дар барқияи табрикии Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш омадааст:

«Ҷаноби Олӣ

Ба муносибати Рӯзи Истиқлолият ба тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимии худро мерасонам.

Аз камбизоатӣ ва нобаробарӣ то муноқишаҳои хушунатомез ва тағйирёбии иқлим, мушкилоте, ки ҷаҳони мо рӯ ба рӯ мешавад, амалҳои дастҷамъонаро дар ҳамбастагӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳамдигарфаҳмӣ тақозо менамояд.

Ояндаи беҳтар аз ҳар як кишвар тақозо менамояд, ки берун аз марзҳои миллии худ нигоҳ намояд ва талошҳоро барои пешбурди сулҳ, ҳуқуқи инсон, шукуфоӣ ва рушди устувор барои ҳамаи одамон, новобаста аз он ки дар куҷо зиндагӣ доранд, дастгирӣ намояд.

Созмони Милали Муттаҳид бо тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҷлили рӯзи махсуси шумо ҳамроҳ мешавад ва аз идомаи ҳамкории минбаъдаи худ барои таъмини ояндаи беҳтар, солимтар ва бехатари одамон ва сайёра умедвор аст.

ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛ! Имрӯз дар боғҳои Душанбе намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд

9 сентябр дар мамлакат 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мешавад. Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ин санаи муҳим дар тамоми вазорату идораҳо, вилояту шаҳрҳо, ноҳияҳо, кӯчаю маҳ

аллаҳо, деҳаҳо ва шаҳраку деҳот маҷлисҳои тантанавӣ, варзишӣ доир мешаванд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Аз 9 то 15 сентябр дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ гузаронида мешаванд.

Намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ҳамарӯза соати 08:00 оғоз ёфта, қисмати намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои фарҳангӣ аз ҷониби вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бегоҳирӯзӣ доир мешавад.

Барои ташкили намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатии пойтахт вазорату идораҳо, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вобаста шудаанд. Аз ҷумла,

— дар Боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсӣ намоиш-фурӯши вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он,

— дар Боғи Ирам намоиш-фурӯши вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он,

— дар Боғи Куруши Кабир намоиш-фурӯши Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва ноҳияҳои водии Рашт,

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави истиқоматиро барои хизматчиёни ҳарбӣ ба истифода доданд

8 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави истиқоматиро барои хизматчиёни ҳарбӣ мавриди истифода қарор доданд.

Дар ин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст калиди  хонаҳои истиқоматиро ба кормандони Шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намуданд.

Афсарон ва оилаҳои онҳо, ки дар арафаи таҷлили ҷашни бошукуҳи миллӣ – 32-солагии Истиқлоли давлатӣ соҳиби хонаҳои нави истиқоматӣ гардиданд, ба Пешвои миллат барои чунин ғамхорӣ ва дастгириҳои ҳамешагиашон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Иншоот якҷо бо майдончаҳои варзишию бозӣ барои кӯдакон, дар масоҳати умумии беш аз 5 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардида, аз ду ошёна, 24 хона ва дигар биноҳои ёрирасон иборат мебошад.

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбӣ ба ифтихори ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ

Муҳтарам генералҳо ва афсарону сарбозон!
Ҳозирини гиромӣ!

Ин лаҳзаҳо тамоми мардуми шарифи тоҷик дар арафаи ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – 32-солагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон, ки дар таърихи навини кишварамон санаи муҳимтарину сарнавиштсоз мебошад, қарор доранд.

Истиқлол барои мо азизтарин неъмат ва бузургтарин дастоварде мебошад, ки тоҷикон баъди ҳазор соли бедавлатӣ ба он муяссар гардиданд.

Мо имрӯз, ҳамчунин, яке аз санаҳои таърихӣ – 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллиамон мебошанд, ботантана ва бо шукрона аз давлати соҳибихтиёрамон таҷлил менамоем.

Ба ифтихори ин ду ҷашни бузург тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳар яки шумо – афсарону сарбозони диловари Ватанро, ки ҳоло дар ин майдон саф оростаед, самимона табрику шодбош мегӯям.

Страницы