Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо раисони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Нашр шуд. Пан, 07/09/2023 - 15:59
Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Роҳбари давлат сараввал сокинони шаҳру ноҳияҳои мазкурро ба ифтихори 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрик гуфтанд.

Дар Тоҷикистон Кумитаи тадорукот оид ба амалигардонии қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» таъсис дода шуд. Ҳамчунин ҳайати кумитаи тадорукот ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии ибтикори панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон шудани «Соли 2025-Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» тасдиқ карда шуд.
Гулгашти назди Сирки давлатӣ, дар буриши хиёбонҳои Саъдии Шерозӣ ва Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе ба пешвози ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври хосса оро ёфтааст.
6 сентябр дар шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.



