Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ
Нашр шуд. Шан, 22/02/2025 - 12:4922.02.2025, шаҳри Душанбе
Муҳтарам генералҳо ва афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ!
Фардо ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои муҳимми давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошанд, 32 сол пур мешавад.
Ҳамаи шумо – хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакатро ба муносибати ин санаи таърихӣ – ҷашни фарзандони далеру шуҷои Ватан самимона табрик мегӯям.
Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар муддати 32 соли сипаригардида ҳифзи истиқлолу озодии мамлакат, ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро дар кишвар ҷавонмардона ва бо садоқат ба халқу Ватан таъмин карда истодаанд.
Дар ҳар давру замон ҳимояи Ватан ва ҳаёти осоиштаи мардум барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номус вазифаи муқаддас ва вазифаи пуршараф ба ҳисоб меравад.
Тоҷикон аз замонҳои хеле қадим ҳамчун миллати фарҳангиву сулҳдӯст, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободкору созанда шинохта шудаанд.
Вале дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллати мо фарзандони далеру фидокори он, аз қабили Муқаннаъ, Спитамен, Деваштичу Темурмалик, Восеъ ва ҳазорон нафари дигар барои ҳимояи сарзамини муқаддаси аҷдодӣ қаҳрамониву ҷоннисориҳо кардаанд ва ба наслҳои имрӯза аз худ намунаи ибрати ҷовидонӣ боқӣ гузоштаанд.









