Ахбор

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии хусусии «Саидумар»-ро ба истифода доданд

31 августи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Маҳаллаи навбунёди рақами 2 ба номи Рустам Амакии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бинои нави Муассисаи таълимии хусусии “Саидумар”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Таълимгоҳи мазкур дар масоҳати 72 садяк замин доман густурда, иншоот дар масоҳати 7 ҳазору 245 метри мураббаъ қомат афрохтааст ва барои 2700 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Мактаб аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Рустам Саидов бунёд гардида, корҳои сохтмониро дар иншоот пудратчӣ-Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи холдингии “Осиё Гурӯҳ Тоҷикистон” ва лоиҳакаш-Корхонаи воҳиди давлатии пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотию лоиҳакашии “Душанбешаҳрсоз” анҷом додаанд.

Мавриди тазаккур аст, ки лоиҳаи муассиса тарҳи нав буда, аз ҷониби лоиҳакашони пуртаҷриба таҳия ва ҳамаи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ риоя гардида, бори аввал дар бунёди муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳри Душанбе истифода шудааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот аз 4 бинои 4-ошёна иборат буда, бо дарназардошти талаботи замони муосир ва истифодаи масолеҳи хушсифати сохтмонӣ бунёд гардидааст. Корҳои бунёдӣ дар таълимгоҳ соли 2019 шуруъ шуда, бо сифати баланд ва дар муҳлати муайянгардида мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Корҳои бунёдӣ аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ иҷро гардида, ҷараёни сохтмонро мутахассисону меъморони соҳибтаҷриба назорат намуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҷмааи муосири варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҷмааи муосири варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маҷмааи варзиширо, ки дар оммавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим муҳим мебошад, ба хотири истиқболи сазовор аз 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд намудаанд.

Иншоот бо маблағгузории Ҳукумати мамлакат аз ҷониби Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби 6 ширкати сохтмонии ватанӣ дар масоҳати 17 406 метри мураббаъ сохта шудааст. Лоиҳаи маҷмааро Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Пажуҳишгоҳи илмӣ-лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯии “САНИИОСП” бо дарназардошти талаботи замони муосир ва мутобиқ ба стандарти байналмилалӣ тарҳрезӣ намудааст. Дар рафти сохтмон бештар аз 350 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани маҷмааи муосири варзишӣ 70 нафар мутахассиси соҳаи варзиш ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардид. Ҳуҷраҳои кории кормандон бо лавозимоти зарурӣ таъмин буда, барои онҳо шароити мукаммали корӣ мавҷуд мебошад.

Маҷмаа бо усули муосири меъморӣ қомат афрохта, аз лиҳози имконият ва шароити мусоиди машқу тамрин беназир мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Гимназияи хусусии «Қалам»-ро ифтитоҳ намуданд

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Гимназияи хусусии “Қалам”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур 4-ошёна буда, аз тарафи мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Декор инвест” ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъморӣ бунёд шудааст.

Гимназия барои 650 хонанда пешбинӣ гардида, дар он мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ шароити таълим фароҳам оварда шудааст. Иншоот дорои 27 синфхонаи барҳавою зебо буда, барои гузаронидани дарсҳо дар синфхонаҳои он тахтаҳои электронӣ насб шудаанд.

Боргоҳи илму маърифат аз 6 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ, аз ҷумла химия, физика, 2 синфхонаи компютерӣ ва синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон иборат мебошад.

Китобхонаи гимназия дорои 20 ҷойи нишаст, 2 ҳазор нусха китоби бадеӣ ва 1 ҳазору 500 нусха китоби фаннӣ аст, ки хонандагон дар вақтҳои муайян аз он самаранок истифода менамоянд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Гимназияи хусусии “Қалам” ҳамзамон бо мақсади татбиқи ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020 — 2040 имконияти васеъ муҳайё мебошад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба оғози бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти гилию сафолӣ, хишти сабук ва оҳак асос гузоштанд

31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба оғози бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти гилию сафолӣ, хишти сабук ва оҳак асос гузоштанд.

Корхонаҳои мазкур дар хиёбони Рӯдакӣ бунёд ёфта, дар он истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуну хуштарҳи сафолак, серанит барои оро додани қисматҳои гуногуни иншоот ва хишти сабук (газоблок) амалӣ мегардад.

Тибқи лоиҳа, иншооти мазкур дар масоҳати 10 гектар бунёд гардида, 8 гектари он барои сохтмони худи коргоҳ ва 2 гектари дигар барои анбори нигоҳдории ашёи хом пешбинӣ гардидааст.

Корхонаҳои  истеҳсоли маҳсулоти гилию сафолӣ, хишти сабук ва оҳак дар шаҳри Душанбе дар асоси технологияи пешқадами ҷаҳонӣ бунёд ёфта, ба хотири ҳифзи табиат ва камтаъсир будан ба  муҳити зист тамоми меъёрҳои экологӣ ба инобат гирифта шудааст.

Зимни муаррифӣ иттилоъ дода шуд, ки пас аз бунёд гардидан корхонаҳо иқтидор доранд, ки дар як сол 3 миллион метри мураббаъ маснуоти гилӣ, яъне сафолак, 3 миллиону 500 ҳазор метри мукааб маснуоти сафолӣ (серанит), 200 ҳазор метри мукааб хишти сабук (газоблок) ва 250 ҳазор тонна оҳак истеҳсол намоянд.

Страницы