Ахбор

Ҳамдардии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонаводаи шахсони ҳалокшудаи бар асари боридани борони зиёд ва рух додани офати табиӣ

Дирӯз бар асари боридани борони зиёд дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ офати табиӣ рух дод, ки дар натиҷаи он 13 нафар одамон, аз ҷумла 11 нафар дар шаҳри Ваҳдат ва 2 нафар дар ноҳияи Рӯдакӣ ба ҳалокат расиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли хонавода ва бозмондагони шахсони ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ намуданд.

Роҳбари давлат, ҳамчунин, ба Сарвазири мамлакат, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор супориш доданд, ки ба оилаҳои шахсони дар натиҷаи офати табиӣ баҳалокатрасида кумак расонида, доир ба бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ чораҳои фаврӣ андешанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Остона бо фаъолияти Маркази Ҳукумати рақамии Ҷумҳурии Қазоқистон шинос шуданд

26 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев аз Маркази Ҳукумати рақамии Ҷумҳурии Қазоқистон боздид ба амал оварданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Маркази мазкур ба ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди рақамии кишвар, дар бахшҳои инноватсия, коммуникатсия, хизматрасониҳои давлатӣ, саноати электронӣ, инчунин ба рушди ҳукумати электронӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти Корпоратсияи давлатии “Ҳукумат барои шаҳрвандон” ва масъалаҳои амнияти иттилоотӣ машғул аст.

Зимни муаррифии самтҳои фаъолият ва имкониятҳои Марказ аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ҷорӣ кардани хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ дастрасии аҳолиро ба хизматрасонӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ осон карда, ҳамзамон шумораи ҳуҷҷатҳоро коҳиш дода, муҳлати гирифтани онро низ кутоҳ мекунад. Марказ барои ҳалли ин масъалаҳо дар Қазоқистон “Ҳукумати электронӣ” таъсис дода шуд.

Зимни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти марказ барори кор орзу намуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Қазоқистон боздид намуданд

26 август дар шаҳри Остона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев аз Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Намоишгоҳ-ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаву мувофиқаҳои Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва  Қазоқистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаев баргузор мегиранд.

Мавриди ба таъкид, ки Намоишгоҳ-ярмаркаи молу маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳрҳои калони ин кишвар — Остона, Алмаато ва Шимкент аз 26 то 28 август баргузор мегардад.

Барои доир намудани намоишгоҳ наздики 3 ҳазор тонна молу маҳсулот аз Тоҷикистон тавассути зиёда аз 60 мошини боркаш ба шаҳрҳои Остона, Алмаато ва Чимкенти Қазоқистон интиқол дода шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Масҷиди марказии шаҳри Остона боздид ба амал оварданд

6 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба  Ҷумҳурии Қазоқистон бо Президенти ин кишвар муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев аз Масҷиди марказии шаҳри Остона боздид ба амал оварданд.  

Иттилоъ дода шуд, ки 18 марти соли 2019 ба бунёди масҷиди марказӣ оғоз бахшида шуда, он 12 августи соли 2022 мавриди истифода қарор гирифт.

Масҷиди марказии Остона дар масоҳати 10 гектар замин бунёд гардида, масоҳати умумии биноҳо 68 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Масҷид аз чор манораи баландиашон 130 метр иборат мебошад. Як манора барои тамошои сайёҳон пешбинӣ шудааст.

Дарҳои даромад аз чуби мустаҳкам сохта шуда, бо нақшу нигори қазоқӣ оро ёфтааст.

Дар масҷид ба ҷуз толорҳои намозхонӣ, инчунин синфхонаҳо, маҷлисгоҳ, ҳуҷраҳои корӣ, хизматрасонию техникӣ ва осорхона мавҷуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити намозгузорон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, ба кишвари дӯсти Қазоқистон шукуфоӣ ва ба мардуми қазоқ саодатмандӣ орзу намуданд.

Страницы