Дар шаҳри Остона муҷассамаи файласуф ва табиби тоҷик Абӯалӣ ибни Сино гузошта шуд
Нашр шуд. Ҷум, 25/08/2023 - 18:55
Маросими ифтитоҳи пайкараи олими тоҷик, шоир, файласуф ва табиб Абӯалӣ ибни Сино дар ҳошияи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон доир гардид.
Дар маросими пардабардории аз рўи ин пайкара вазирони фарҳанги Қазоқистон ва Тоҷикистон иштирок намудаанд.
Ибни Сино- олим, файласуф ва табиби форс-тоҷик мебошад, ки дар асрҳои X-XI зиндагӣ намуда, дар Ғарб бо унвони «Авитсена» маъруф гардидааст.
Ибни Сино беш аз 450 рисола дар соҳаҳои гуногуни илм навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-тои он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо аксар соҳаҳои илмро фаро гирифта, хусусан 150-тои он дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар соҳаи пизишкӣ дахл доранд. Маъруфтарин асарҳои ӯ «аш-Шифо» ва «ал-Қонуну фи-т-тиб» ҳастанд, ки аз ҷумлаи бузургтарин донишномаҳои тахассусӣ ва фалсафӣ буда, дар донишгоҳҳои Аврупо то садаи XIX тадрис мешуданд.
Абӯалӣ ибни Сино дар рушди илми тиб саҳми бениҳоят арзанда гузоштааст, ки онҳо аз таҷрибаҳои ӯ, илми пизишкии олими юнонӣ Гален, метафизикаи Арасту, илми пизишкии Эрони бостон, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди бостон сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчунин падари тибби замонавӣ ва дорушиносӣ шуморида мешавад.

25 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намуданд.
Сафари навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15–18 августи соли равон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шароите доир гардид, ки вилоят ба марҳилаи нави рушди иҷтимоию иқтисодии худ ворид гардида, сокинони сарбаланди он бо сарфарозию шодӣ аз ин пайк истиқболи нек намуданд.
Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо барои солҳои 2010-2030 такмил дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», профессор Абдулҳамид Қаюмов хабар дод. 



