Ахбор

КОРВОНИ ИТТИЛООТИИ РӮЗНОМАНИГОРОН. Ҳайати он бо боғу осорхона ва ҷараёни сохтмони иншоот дар Рашту Лахш ва Тоҷикобод шинос гардид

Ҳайати рӯзноманигорони мамлакат ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон 22-23 август бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ва бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ба ноҳияҳои Рашту Лахш ва Тоҷикобод сафари эҷодӣ анҷом доданд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ медиҳад.

Ҳайати рӯзноманигорон дар ин сафар, аз ҷумла бо нигораҳои таърихии осорхонаҳои ноҳияҳои Лахшу Тоҷикобод ва осорхонаи таърихии ходими илмии Институти боғдорӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Мирзошоҳи Акобир дар ноҳияи Рашт шинос гардида, аз таъриху фарҳанги гузаштаи водии Рашт бохабар шуданд.

Намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои мазкур ба рӯзноманигорон вобаста ба вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳияҳо маълумот доданд. Меҳмонон ҳамчунин бо Маркази хизматрасонии таъмир ва истеҳсоли мизу курсӣ дар ноҳияи Тоҷикобод ва коргоҳи истеҳсолии либоси мактабии «Сумая»-и ноҳияи Лахш шинос шуданд.

Натиҷаҳои сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин

23 август сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки аз 20-уми августи соли 2023 оғоз гардида буд, ба анҷом расид.

Ёдовар мешавем, ки зимни ин сафари расмӣ мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, суҳбату   вохӯриҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Чжао Лэтсзи, Муовини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Хан Чжэн, аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Чин, ноиби Сарвазири Шўрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Хэ Лифэн, Раиси шаҳри Пекин муҳтарам Ин Юн, Котиби Кумитаи ҳизбӣ, Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқии музофоти Чжэтсзян муҳтарам И Лянхун ва Раиси шаҳри Ханҷоу муҳтарам Яо Гаоюан доир гардид.

Дар доираи нахустин сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз як қатор корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ, минтақаҳои технологию инноватсионӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Пекин ва Ханҷоу боздид ба амал оварданд.

Дар Рашт оид ба нақши воситаҳои ахбори омма дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ машварати омӯзишӣ доир шуд

Дар доираи Корвони иттилоотии рӯзноманигорон, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ташкил шудааст, бо ибтикори Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт 22 август дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Нақши воситаҳои  ахбори омма дар таҳкими Истиқлолият» барои рӯзноманигорони расонаҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ машварати омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд хабар медиҳад.

Машварати мазкур дар доираи сафари кории рӯзноманигорони ВАО-и ҷумҳурӣ ба навоҳии минтақаи Рашт доир шуд. Зимни он устодони соҳаи журналистикаи тоҷик доир ба нақши воситаҳои  ахбори омма дар таҳкими Истиқлолият дар партави сиёсати фарҳангии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфтанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ноҳияи Роштқалъа маҳз аз баракати истиқлол ба чунин ободиҳо ноил гардидааст»

Роштқалъа дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дубора ба ҳайси ноҳия таъсис ёфта, тайи зиёда аз сӣ соли даврони соҳибистиқлолии мамлакат аз баракати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои худро куллан дигаргун намудааст.

Гузашта аз ин, ҳар ташрифи Пешвои муаззами миллат ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла ноҳияи зебоманзари Роштқалъа ба рушду нумуи он такони ҷиддӣ бахшида, дар ин замина корҳои ободонӣ боз ҳам пурвусъат мегарданд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, «маҳз ба шарофати истиқлолу соҳибихтиёрӣ  мо имконият пайдо намудем, ки захираҳои дар ихтиёрдоштаамонро ба хотири ободу пешрафта гардонидани тамоми гӯшаву канори  мамлакат то дурдасттарин деҳоти он равона созем.  Мисоли равшан ва намунаи возеҳи ин гуфтаҳо ҳамин ноҳияи Роштқалъа аст, ки маҳз аз баракати  истиқлол ба чунин ободиҳо ноил гардидааст».

Махсусан зарфияти ноҳияи Роштқалъа вобаста ба таъмини  ҳадафи якуми стратегии миллӣ – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ хеле бузург буда, дар ин самт дар ноҳия корҳо бомаром идома доранд.

Страницы