Мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Чин, ноиби Сарвазири Шўрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Хэ Лифэн
Нашр шуд. Сеш, 22/08/2023 - 17:47
22 август дар ҳошияи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо аъзои Бюрои сиёсии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Чин, ноиби Сарвазири Шўрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Хэ Лифэн мулоқот намуданд.
Дар оғози суҳбат муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷониби Чин барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва имконияти баррасии масоили ҳамкории байнидавлатӣ изҳори сипоси самимӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки муносибатҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мавқеи афзалиятнок дорад ва Тоҷикистону Чин дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, сатҳи муносибатҳо аз робитаҳои муқаррарии дуҷониба то ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расидаанд.
Бо қаноатмандӣ таъкид шуд, ки байни ду давлат муносибатҳои дӯстии самимӣ, ҳамсоягии нек, эътимоди амиқ ва дастгирии тарафайн фароҳам буда, дар заминаи ҳуқуқии мусоид пайваста рушд меёбанд. Дар ҷанбаи сиёсӣ низ муносибатҳои байниҳамдигарӣ муштаракот ва наздикии мавқеи ду давлатро дар масъалаҳои рӯзномаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаро мегирад.

21 август дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг ва қаҳрамонони мардуми Чин дар назди Ёдгории қаҳрамонони халқӣ гулчанбар гузоштанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Нимаи дуюми рӯзи 20 август Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ вориди шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд.
20 август Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин рафтанд. 



