Ахбор

Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-2023» ҷамъбаст гардид

18 август дар Боғи фарҳангии фароғатии ба номи Садриддин Айнии  шаҳри Душанбе маросими ҷамъбаст ва  ҷоизасупории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-2023»  баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.  

Дар ибтидо, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода суханронӣ намуда, аз дастгириву  ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду такомули фарҳангу ҳунари миллӣ ва ҳифзи таъриху арзишҳои миллат ёдовар шуданд.

Таъкид гардид, ки ҳадаф аз баргузории Фестивал-озмуни  ҷумҳуриявии мазкур ҳифзи фарҳанг ва мероси моддию маънавӣ, иттиҳоду ҳамбастагии мардум, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, дарёфти ҷеҳраҳои нав ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи миллию ватанпарварӣ мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд

18 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони мардуми шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқоти самимӣ доир намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони сарбаланду меҳмоннавози вилоятро ба ифтихори санаи таърихиву тақдирсози истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфта, барои пазироии гарму самимӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “мо асри 21-ро асри рушду тараққиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эълон намуда, тамоми тадбирҳоро амалӣ намуда истодаем”.

Қобили тазаккур аст, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 1000 иншооту биноҳои нав ба маблағи 1 миллиард сомонӣ ба истифода супорида шуданд. Ба муносибати ҷашни 35-солагии истиқлол бунёду навсозии қариб 1200 иншооти дигар ба нақша гирифта шуда, то имрӯз корҳои сохтмони беш аз 260 иншооту биноҳо ба маблағи зиёда аз 700 миллион сомонӣ ба анҷом расидаанд.

Дар ноҳияи Шуғнон майдони Парчами давлатӣ бо баландии 35 метр ифтитоҳ гардид

17 август дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маркази ноҳияи Шуғнон майдони Парчами давлатӣ ифтитоҳ гардид.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар медиҳад.

Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати 2 ҳазору 300 метри мураббаъ доман густурда, маблағгузории иншооти муҳимро Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ба зимма доштанд.

Майдони Парчами давлатӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арзиши 1,2 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Майдони Парчами давлатӣ бо дарназардошти ташкили макони фароғату истироҳат ва сайру гашти сокинону меҳмонон бунёд шуда, аз ҳар ду ҷониб бо чароғҳои равшанидиҳанда зебу зиннат дода шудааст, ки ба маркази маъмурии ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳусни тоза зам менамояд.

Сутунпояи Парчами давлатӣ бо баландии 35 метр бунёд гардида, паҳноии матои Парчам 4 ва дарозиаш 8 метрро ташкил медиҳад.

Страницы