Ахбор

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беморхона-дармонгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

17 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Беморхона-дармонгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имконияти хизматрасонии он шинос гардиданд.

Беморхонаи мазкур дорои 36 ҳуҷра буда, дар он барои муоинаву муолиҷаи беморон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, 11 ҳуҷраи он бо 21 кати хоб ва дастгоҳу лавозимоти соҳавӣ пурра муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки беморхона аз шуъбаи ҷарроҳӣ, бахшҳои терапевтӣ, табобати дандон, асаб, гӯшу гулӯ ва бинӣ иборат буда, муассисаи тиббӣ бо нақлиёти махсуси ёрии таъҷилӣ таъмин мебошад. Ҳамчунин барои беморон ошхона бо 30 ҷойи нишаст бунёд ёфта, дигар иншооти ёрирасон низ бо сатҳу сифати баланд сохтаву таъмир гардидааст.

Беморхона дар баробари расонидани кумаки тиббӣ ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчунин ба кормандони дигар бахшу сохторҳои қудратӣ хизмат хоҳад расонид.

Сокинони кӯчаҳои атроф низ метавонанд барои машварату муоина ва муолиҷа ба ин муассиса муроҷиат намоянд.

Утоқҳои корӣ ва муолиҷавии иншооти мазкур бо таҷҳизоти зарурии соҳавӣ, аз қабили дастгоҳҳои рақамии ташхис, ташхиси ултрасадо, сабти барқии дил, кардиомонитор, оксигенератор ва дигар лавозимоти корӣ таъмин мебошанд.

Барои расонидани хизмати босифати тиббӣ ба беморон 27 нафар мутахассисони соҳибмалака ба кор ҷалб шудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Корхонаи истеҳсоли сангҳои сохтмонро ба истифода дода, бо намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии ВМКБ шинос шуданд

17 август дар шаҳри Хоруғ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суман”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо рафти истеҳсолот шинос гардиданд.

Корхонаи мазкур бо истифода аз технологияи муосири соҳавӣ ба истеҳсоли сангҳои сохтмонӣ ва ороишӣ машғул аст.

Ҷамъият имконият дорад, ки дар як рӯз то 80 метри мураббаъ ва дар як моҳ то 2400 метри мураббаъ сангҳои ороишӣ ва дигар масолеҳи сохтмонӣ истеҳсол ва пешниҳоди харидорон намояд.

Дар корхона муосиртарин хатҳои истеҳсолӣ аз ширкатҳои маъруфи Ҷумҳурии Мардумии Чин насб гардидаанд. Дар ҳоле, ки корҳои ободониву созандагӣ дар мамлакат авҷ мегиранд, талабот ба ин номгӯи маҳсулот дар ҳудуди вилоят ва ҳам дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зиёд аст.

Кӯҳҳои сарбафалаккашидаи Бадахшон манбаи асосии таъмини ашёи хоми корхонаи мазкур буда, мавриди истифода қарор додани он ба рушди истеҳсолот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ муосидат менамояд.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суман” коркарди 8 намуди санги гранит, 2  намуди санги сланес, 2 навъи офикалсит ва 3  намуди санги мармар ба роҳ монда шудааст.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Суман” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Эдӣ Фироғатов бунёд гардида, дар он 70 нафар сокини маҳаллӣ, ки нозукии кор бо дастгоҳҳои корхонаро омӯхтаанд, соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд.

Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ

Нимаи дуюми рӯзи 16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари бобарори корӣ дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маркази маъмурии вилоят — шаҳри Хоруғ ташриф оварданд.

Сокинони сарбаланду меҳмоннавози шаҳри Хоруғ Сарвари давлатро дар фурудгоҳи “Боми ҷаҳон” ба таври хос гарму самимӣ ва бо шодию фараҳ истиқбол гирифтанд.

Барои пазироии шоистаи меҳмони олимақом аҳли санъату ҳунари вилоят барномаи рангини фарҳангиро, ки саропо тараннуми сулҳу субот, хизматҳои беназири фарзанди баруманди халқи тоҷикро таҷассум менамуд, дар сатҳи баланди ҳунарӣ таҳия ва пешниҳод намуданд.

Мавриди тазаккури хос аст, ки ҳар як ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайки шодию нишот ва созандагию ободонӣ мебошад

 

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа бинои шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

16 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Роштқалъа бинои нави маъмурии шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои замонавӣ аз 3 ошёна иборат буда, ҳама ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудаанд, ки барои фаъолияти пурсамари кормандони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, бахши Хадамоти муҳоҷират ва Филиали Муассисаи давлатии “Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон” дар ноҳияи Роштқалъа мусоидат менамояд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2016 шуруъ гардида, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби беш аз 60 нафар сокинони маҳаллӣ ҷавобгӯ ба талаботи замон ба анҷом расиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз имконоти фароҳамшуда ва сифати корҳои сохтмонӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, кормандони соҳаро ба хизмати содиқонаю софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Страницы