«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ 3506 нафар довталабон бо ҳам рақобат менамоянд
Нашр шуд. Сеш, 15/08/2023 - 22:18
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Дар ин даври озмун 278 нафар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 405 нафар аз шаҳри Душанбе, 1146 нафар аз Суғд, 1170 нафар аз вилояти Хатлон ва 507 нафар аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар шаш номинатсия байни ҳам рақобат доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои масъулин, ҷиҳати ҳавасмандсозии шумораи зиёди иштирокчиёни озмуни имсола миқдори ҷойҳои 3-юми ғолибони ҳамаи номинатсияҳо аз ду нафар ба се нафар расонида шуда, дар маҷмуъ ғолибони ҳар номинатсия ба 6 адад расонида шуд. Шумораи умумии ҷойҳои ифтихорӣ барои ғолибони даври ҷумҳуриявӣ нисбат ба соли 2022 аз 95 ба 121 ҷой зиёд шуд.
Озмун байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии ҷумҳурӣ доир мегардад.

15 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз Корхонаи истеҳсоли макарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рател Паста»-ро ифтитоҳ намуданд.
15.08.2023, ноҳияи Дарвоз



