Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ВМКБ ва боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи «Қалъаи Хумб — Ванҷ, сарҳади ноҳияи Рӯшон» дар ноҳияи Дарвоз
Нашр шуд. Сеш, 15/08/2023 - 15:07
15 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.
Сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Бадахшон аз ноҳияи Дарвоз оғоз ёфт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз нахуст бо ҷараёни корҳои таҷдиду навсозии қитъаи роҳи “Қалъаи Хумб-Ванҷ, сарҳади ноҳияи Рӯшон” дар доираи Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма шинос шуданд.
Ин қитъаи роҳ 109 километрро дар бар гирифта, ҳудуди ноҳияи Дарвоз ва Ванҷро убур мекунад. Он аз байни қаторкӯҳҳои Дарвоз гузашта, дар миқёси ҷумҳурӣ роҳи душворгузар маҳсуб мешавад ва солҳои тӯлонӣ таъмири асосиро надидааст.
Баъди пурра таҷдиду навсозӣ намудан ин қитъа 16 километр кӯтоҳ гардида, дар умум 92,3 километрро ташкил хоҳад дод.








