Ахбор

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ширкати «Войт Ҳайдро» Герхард Сейрлингро ба ҳузур пазируфтанд

9 август дар шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии ширкати «Войт Ҳайдро» Герхард Сейрлингро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати «Войт Ҳайдро» оид ба иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар таъмини иншооти гидроэнергетикии Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо таҷҳизоти гидромеханикӣ ва электромеханикӣ муҳокима гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Лоти 1-и неругоҳ, ки зимни сафари корӣ мушоҳида намуданд, андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки бояд тамоми корҳо тибқи реҷаи мувофиқагардида сари вақт ва босифат иҷро гарданд.

Дар ҷараёни мулоқот роҳбарияти ширкати “Войт Ҳайдро” ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи иҷрои уҳдадориҳо маълумот доданд.

Изҳори боварӣ гардид, ки намояндагони ширкат барои татбиқи нақшаҳо тадбирҳои зарурӣ ва саривақтиро амалӣ менамоянд.

Дар мулоқот инчунин Сарвазири мамлакат, вазири молия, директори генералии НБО Роғун, директори мудирияти истифодаи неругоҳи Роғун ва директори ширкати “Тоҷикгидроэлектромонтаж” иштирок намуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди асосии Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қисмати ядрои сарбанди асосии Неругоҳи барқи обии “Роғун” шинос шуданд.

Ядрои сарбанд аз иншооти муҳими неругоҳ ба шумор рафта, корҳои сохтмониву васлгариро дар он мутахассисони ватанию хориҷӣ дар асоси нақша бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ иҷро мекунанд.

Дар ин қитъаи неругоҳ барои бунёди таҳкурсии ядро корҳои хобонидани бетони пуркунанда ва кӯбидашаванда, арматурбандӣ ва бетонхобонии галереяҳо дар марҳалаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Ҳаҷми лоиҳавии корҳои бетонӣ дар таҳкурсии ядрои сарбанди асосии Неругоҳи барқи обии “Роғун” 268,4 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад. То имрӯз 240 ҳазор метри мукааб бетони пуркунанда ва кӯбидашуда хобонида шудааст, ки нишондиҳандаи умумии иҷрои корҳо ба 90 фоизи нақша баробар мебошад. Дарозии таҳкурсии асосӣ аз бетони кӯбида 172 метр, паҳноиаш 133 метр ва баландии он 23 метрро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ошхонаи ҶСК «Тоҷикгидроэлектромантаж» дар Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро мавриди истифода қарор доданд

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ошхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромантаж»-ро ба истифода супориданд.

Ошхона барои 500 ҷойи нишаст пешбинӣ шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошад. Иншоот ба талаботи санитарӣ — гигиенӣ ва зиддисӯхтор ҷавобгӯ аст. Лоиҳаи бинои ошхона аз ҷониби мутахассисони ширкати мазкур таҳия ва дар  корҳои сохтмонӣ масолеҳи хушсифати ватанӣ истифода гардидааст.

Масоҳати умумии ошхона 1 ҳазору 70 метри мураббаъ буда, дорои ҳуҷраҳои барҳавои омода намудани хӯрок, нонпазӣ, шустушӯ ва иншооти ёрирасон мебошад. Толори калони ошхона 420 ҷойи нишаст дорад. Бо таъсиси ошхонаи нав барои 45 нафар ҷои кори доимӣ фароҳам шудааст.

Дар ошёнаи дуюми бино 6 ҳуҷраи корӣ, 6 ҳуҷраи таълимӣ барои касбомӯзони ширкат ва толори маҷлис барои 45 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст. Дар шафати ин иншоот ошхонаи тобистона низ бунёд гардидааст, ки дар он дегҳои алоҳида барои омода намудани таом ва танӯрҳои нонпазӣ гузошта шудаанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар кони №17-и Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд

Дар идомаи боздид аз Неругоҳи барқи обии “Роғун” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо ҷараёни корҳо дар кони №17 шинос шуданд.

Тибқи лоиҳа, дар кони №17 маводи гилхок коркард ва захира  мешавад. Онро ширкати паймонкори Лоти 2 “Вибилд” бо ҷалби мутахассисони Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромантаж” анҷом медиҳанд.

Вобаста ба талаботи лоиҳа баъди ба анҷом расидани корҳои бетонӣ дар ядрои сарбанд хобонидани маводи гилхок аз сатҳи 984 метр шуруъ мегардад. Барои коркарди гилхок дар кони мазкур дастгоҳу таҷҳизоти муосир дар чор қитъаи кон гузошта шудаанд, ки он тавассути он гилхок бо андозаҳои  0-50 ва 0-200 миллиметр истеҳсол мегардад. Ин дастгоҳҳо иқтидор доранд дар як соат ҳар кадом дар алоҳидагӣ аз 100 то 400 тонна гилхокро коркард намоянд.

Ҳаҷми лоиҳавии истифодаи маводи гилхок дар ядрои сарбанд 7,42 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад ва то сатҳи 1110 метр  3,35 миллион метри мукааб гилхок хобонида мешавад.

Страницы