Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар нақби дастрасии АСТ – 3-и Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
Нашр шуд. Чор, 09/08/2023 - 17:47
9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳо дар нақби дастрасии сохтмонии АСТ – 3-и Неругоҳи барқи обии “Роғун” шинос шуданд.
Ин нақб аз сатҳи баҳр дар баландии 1043 метр воқеъ буда, дарозии он 387 метрро ташкил медиҳад. Дар айни замон корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамкунии муваққатӣ аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж” идома доранд. Ҷалби коргарону мутахассисони баландихтисос ва тибқи талабот пеш бурдани раванди сохтмон ҷиҳати мутобиқ ба меъёрҳои пешбинишуда ба анҷом расонидани корҳо мусоидат намудааст.
Ҳаҷми лоиҳавии корҳои нақбканӣ 22 163 метри мукаабро ташкил медиҳад. То имрӯз корҳои иҷрошуда зиёда аз 12 ҳазор метри мукааб ва корҳои боқимондаи нақбканӣ 10 136 метри мукаабро ташкил медиҳанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргарону мутахассисон ва масъулини марбутаро ҷиҳати истифодаи самаранок аз имконоти мавҷуда, таҳкими раванди сохтмон ва дар муҳлати муайяншудаи лоиҳавӣ ба анҷом расонидани корҳо вазифадор намуданд.

9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба Неругоҳи барқи обии “Роғун” ташриф оварданд.
9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо раванди тадбирҳои ободонӣ, вусъати корҳои сохтмонӣ дар иншооти бузурги гидроэнергетикии мамлакат — Неругоҳи барқи обии “Роғун” ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.
4 август дар доираи «Мавсими намоиши филмҳои хориҷӣ ва сериалҳои телевизионӣ» байни синамоофарони Тоҷикистон ва Чин ба тариқи маҷозӣ ҳамоиш баргузор гардид. 



