ГӮСФАНДИ ҲИСОРӢ. Ба таври махсус ҳифз гардидани он дар Тоҷикистон аз ҳисси баланди масъулиятшиносии мутахассисони соҳа дарак медиҳад
Нашр шуд. Душ, 31/07/2023 - 18:56
Тавре қаблан иттилоъ додем, 28 июл дар шаҳри Душанбе бо иштироки олимону мутахассисони соҳаи чорводории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус, Канада, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Покистон Конфронси байналмилалии илмиву амалии «Дастовардҳои селексионӣ оид ба такмили гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва нақши он дар офаридани зоту типҳои нав» доир гардид. Конфронси мазкур 29 июл дар мавзеи Хоҷа Сангхоки Ҷамоати деҳоти Зиддеҳи ноҳияи Варзоб идома ёфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар кори конфронс муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, роҳбарони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони кумитаву агентиҳо, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо, гурӯҳи меҳмонони дохиливу хориҷӣ, хоҷагиҳои гӯсфандпарвар ва шавқмандони соҳа иштирок намуданд.


Аз 3 то 5 октябри соли равон дар Тоҷикистон Намоишгоҳи 11-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад. Дар ин хусус 26 июл зимни нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.




