Ахбор

«АНДАЛЕБ-2023». Дар ноҳияи Ашт Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ ҷамъбаст гардид

Дар Муассисаи давлати вилоятии «Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов»-и ноҳияи Ашт даври якуми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия хабар медиҳад.

Фестивал-озмун дар доираи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2023» ва ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 январи соли 2023 тасдиқ шудааст, аз рӯи 12 бахш баргузор шуд.

Дар фестивал-озмун ба ҳунармандону иштирокдорон 105 хол сазовор дониста шуд.

Ҳадаф аз баргузор намудани Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизонии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023»- рушди фаъолияти дастаҳои ҳунарӣ, дарёфти чеҳраҳои нави санъат, чалби ҳарчи бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани сатҳи ансамблу гурӯҳҳои эҷодӣ дар раванди тарбияи ҷавонону наврасон мебошад.

Дар охир аз ҷониби роҳбарияти ноҳия ба беҳтарин бахшу иштирокчиёни фестивал-озмун Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим гардид.

Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

28 июл таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис лоиҳаҳои якчанд қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»,  Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол  шуданд.

Дар Ашқобод нишасти Президентони Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон баргузор мегардад

26 июл тавассути видеоконфронс машваратҳо байни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Туркманистон- Рашид Мередов ва Узбекистон- Бахтиёр Саидов баргузор гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот масоили омодагӣ ва баргузории нишасти Президентони Тоҷикистон, Туркманистон

Нишасти мабуотии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар бинои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумита ва сохторҳои зертобеъи он дар нимсолаи аввали соли 2023 баргузор гардид, ки дар он ба саволҳои сершумори намояндагони ВАО раиси Кумита Саид Нуриддин Саид, муовинони раис ва роҳбарони сохторҳои зертобеъ посух гуфтанд.

Страницы