Вохӯрии якуми роҳбарони идораҳои моликияти зеҳнии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин (C+C5) доир гардид
Нашр шуд. Ҷум, 28/07/2023 - 14:26
24-26 июл дар шаҳри Урумчии ноҳияи Синтзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрии роҳбарони идораҳои моликияти зеҳнии давлатҳои Осиёи Марказӣ-Чин (C+C5) баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.
Дар доираи ин мулоқот Форуми Чин ва Осиёи Марказӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти моликияти зеҳнӣ, семинари сатҳи баланди моликияти зеҳнии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дар соҳаи ишораҳои ҷуғрофӣ ва номи ҷои пайдоиши мол ва вохӯриҳои роҳбарони идораҳои моликияти зеҳнӣ барпо шуд. Зимни он масъалаҳои муҳими самти моликияти зеҳнӣ дар сатҳи минтақа мавриди баррасӣ ва мубодила қарор дода шуд.
Дар чорабиниҳо намояндагони идораҳoи моликияти зеҳнии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Туркманистон, инчунин намояндагони воломақоми Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ва ниҳодҳои дахлдори Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд.

Дар Муассисаи давлати вилоятии «Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов»-и ноҳияи Ашт даври якуми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия хабар медиҳад.
28 июл таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
26 июл тавассути видеоконфронс машваратҳо байни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин, Туркманистон- Рашид Мередов ва Узбекистон- Бахтиёр Саидов баргузор гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад. 



