Ахбор

Имконоти сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии ITB-Berlin 2023 муаррифӣ гардид

7  март дар шаҳри Берлини Олмон Намоишгоҳи байналмилалии ITB Berlin 2023 ифтитоҳ гардид, ки то 9 март идома меёбад. Дар ин намоишгоҳи сатҳи ҷаҳонӣ гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон —сарзамини сайёҳӣ» дар масоҳати 20 метри мураббаъ бо тарҳу усули миллӣ ва муосир ба маърази тамошои дӯстдорони сайру саёҳат гузошта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Анна Бйердеро ба ҳузур пазируфтанд

7 март дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Анна Бйердеро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ давоми 30 соли шарикӣ ва татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар ҷумҳурии мо бо иштироки ин ниҳоди молиявӣ изҳори сипосу қаноатмандӣ карданд.

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи модар

Модарону бонувон ва хоҳарони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори ҷашни мубораку фархундаи Рӯзи модар, ки ҳар сол дар рӯзҳои нахустини фасли зебои баҳор таҷлил мегардад, сидқан шодбош мегӯям.

Ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтии оилавӣ ва рӯзгори ободу босаодат орзу менамоям.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам Во Ван Тхионг барқияи шодбошӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам Во Ван Тхионг барқияи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам сидқан табрик менамоям.

Ба Шумо саломатии бардавом ва дар фаъолиятатон дар ин маснади пурмасъули давлатӣ комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Вйетнам сулҳу субот ва рифоҳу шукуфоии рӯзафзун орзу менамоям.

Страницы