Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои маҷмӯи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистонро мавриди муҳокима қарор дода, роҳҳои рушди минбаъдаи онҳоро баррасӣ намуданд.

Дар ин зимн бо изҳори қаноатмандӣ тамоюли мусбати рушди бемайлони гардиши мол байни ду мамлакат таъкид гардид. Дар ин раванд гуногунсамт гардонидан ва тавсеаи сохтории молу маҳсулоти тиҷорати мутақобила аз ҷумлаи вазифаҳои мубрам дониста шуд. Вобаста ба ин Пешвои миллат ба имкониятҳои фаровон дар бахшҳои мухталифи саноат, соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, туризм ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ишора намуданд. Дар баробари ин соҳаҳои саноати сабук ва хурокворӣ, металлҳои ранга ва сиёҳ, саноати автомобилсозӣ, инчунин комплекси агросаноатӣ ҳамчун самтҳои ояндадор номбар гардиданд.

Ба тавсеаи фаъоли робитаҳои мустақими иқтисодии субектҳои хоҷагидор ва доираҳои соҳибкорӣ дар бахши воқеии иқтисодиёт, рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар сатҳи минтақаҳо низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Шарҳи дуюми ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ню Йорк муаррифӣ гардид

19 июл Вазири рушди иқтисод ва савдо Шарҳи дуюми ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавзуи «Рушди сабз барои ояндаи дурахшони устувор ва фарогир» дар Форуми сиёсии сатҳи баланд дар шаҳри Ню Йорк муаррифӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати номбурда.

Иброз гардид, ки Тоҷикистон давоми солҳои 2016-2022 дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ба дастовардҳои назаррас ноил шуд. Аз рӯи баҳогузорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 70 фоизи ҲРУ ва баъзе нишондиҳандаҳои онҳоро беш аз 90 фоиз иҷро намудааст.

Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ, бахусус шиддат ёфтани бархӯрдҳои геосиёсӣ, таҳримҳо, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, даромади аҳолӣ 2,1 баробар, музди миёнаи меҳнат 1,5 баробар ва андозаи нафақа 1,3 баробар афзоиш ёфтааст.

Тоҷикистон ҷалби сармояи кишварҳои арабиро барои сохтмони роҳҳои оҳан ва мошингард ҷиҳати баромадан ба бандарҳои баҳрӣ муҳим мешуморад

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши минтақавӣ, ки дирӯз бо иштироки роҳбарони кишварҳои арабии Халиҷ ва давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ баргузор гардид, изҳор намуданд, ки «Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва нақлиётиву коммуникатсионии дорои аҳамияти минтақавӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Зимнан, ҷалби сармояи кишварҳои арабии Халиҷро ба сохтмони шоҳроҳҳои автомобилгард ва роҳҳои оҳани  муосир ҷиҳати баромадан ба бандарҳои баҳрӣ муҳим мешуморем».

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши якуми сарони давлатҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ

Бисмиллоҳи Раҳмони-р-Раҳим,

Волоҳазрат, шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд, Валиаҳди Подшоҳи Арабистони Саудӣ,
Муҳтарам сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳо,
Муҳтарам Дабири кулли Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ,
Хонумҳо ва ҷанобон!

Дар оғоз мехоҳам ба Ходими ҳарамайни шарифайн Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд, Подшоҳи Арабистони Саудӣ ва Волоҳазрат Валиаҳд Муҳаммад ибни Салмон барои даъват ба нишасти имрӯза ва меҳмоннавозӣ миннатдории самимии худро изҳор намоям.

Дар баробари ин ҷониби Арабистони Саудиро дар иртибот ба ташкил ва танзими бобарори мавсими Ҳаҷҷи соли равон табрик мегӯям.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳавзаи Халиҷро муштаракоти амиқи таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ бо ҳам мепайванданд.

Мардумони мо бо такя ба арзишҳои муштарак тули асрҳо дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми муассир гузоштаанд.

Ин анъанаҳои нек имрӯзҳо низ чун пояи боэътимоди рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни кишварҳои мо хидмат мекунанд.

Страницы