Ахбор

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ

18 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ ба шаҳри Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар намуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Вазири молия, Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд вазорату идораҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар мақомоти суд, Прокуратура, Вазорати мудофиа ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъйин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси суди шаҳри Душанбе, раиси суди ноҳияи Фирдавсӣ, раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ, муовини якум ва муовини раиси суди шаҳри Ваҳдат, судяҳои суди шаҳри Душанбе ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба таъйин гардиданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти мақомоти судӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, барои таъмини адолати судӣ ва баррасии шаффофи парвандаҳои ҷиноятӣ дастурҳои мушаххас доданд.

Президенти мамлакат аз кадрҳои навтаъйин талаб намуданд, ки ба волоияти қонун, мубориза бар зидди амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, шаффофият, баррасии одилона ва таъмини адолату ҳақиқат зимни баррасии парвандаҳо диққати махсус диҳанд.

Аз 1 август тамоми хизматрасонии муздноки давлатӣ тариқи ғайринақдӣ пардохт мешавад

Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ мерасонад, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», ки 22 июни соли  равон ба тасвиб расид, аз 1 августи соли 2023 пардохти тамоми хизматрасонии муздноки давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешавад.

Шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва хоҷагиҳои деҳқониро зарур аст, ки барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдии хизматрасонии давлатӣ аз суратҳисоби бонкӣ истифода намоянд. Дар сурати надоштани суратҳисоби бонкӣ онҳо метавонанд ба дилхоҳ ташкилоти қарзии молиявӣ муроҷиат намуда, суратҳисоби бонкӣ кушоянд.

Барои амалӣ намудани пардохти хизматрасонии муздноки давлатӣ шахсони воқеӣ (аҳолӣ) метавонанд аз кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ, барномаҳои мобилӣ ва Интернет- бонкинг, POS терминалҳо ва QR-рамзҳо истифода намоянд.

Ба гурӯҳи хизматрасонии муздноки давлатӣ пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии тиббӣ, хизматрасонии коммуналӣ ва намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ дохил мешаванд.

Ба доираҳои соҳибкории Чехия имконияти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Ҳаҷми умумии сармоягузории Чехия ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 500 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки аз он беш аз 80 миллион сомонӣ сармояи мустақим мебошад. Чунин зикр шуд дар Форуми сармоягузорӣ ва саноатии Тоҷикистон ва Чехия, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар Форуми сармоягузорӣ ва саноатии Тоҷикистон ва Чехия Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи...

Страницы