Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.  

Дар рафти суҳбат натиҷаҳои интихоботи президентии дар Ҷумҳурии Узбекистон баргузоргардида мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Пешвои миллат бо таманниёти сиҳатмандӣ ва комёбиҳои нави беназир дар фаъолияти давлатӣ муҳтарам Шавкат Мирзиёевро бо натиҷаҳои муваффақонаи ин чорабинии муҳимми сиёсӣ ва аз нав интихоб гардиданаш ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон самимона табрик гуфтанд.

Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистонро баррасӣ карданд. Ҷараёни устувори рушду таъмиқи тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду давлат қайд карда шуд.

Дар ин зимн президентҳо алоқамандии тарафайнро ҷиҳати идомаи амалҳои муштарак дар маҷрои таҳкими минбаъдаи   муносиботи ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистон ва Узбекистон мутобиқ ба манфиатҳои аслии ду мардуми ба ҳам бародар таъкид карданд.

Ноиби президенти Бонки осиёгии сармоягузории инфрасохторӣ Лудгер Шукнехт: «Дар Тоҷикистон лоиҳаҳои сохтмони роҳҳо ва навсозии неругоҳҳоро татбиқ менамоем»

17 майи соли 2023 зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ Ҷин Лисун дар Пекин изҳор гардид, ки Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, маъданҳои фоиданок, маблағгузории минбаъдаи рушди «инфрасохтори сабз» дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, манзиливу коммуналӣ, хизматрасонӣ ва идораи шаҳр тамоми имконият ва захираҳоро дорад. Барои амалӣ намудани ин иқдомҳо ноиби президенти ин бонк Лудгер Шукнехт вориди Тоҷикистон шуд. Дар ин робита мусоҳибаи  хабарнигори АМИТ «Ховар»  бо Лудгер Шукнехт дар бораи ҳадафи сафар, нақшаҳои минбаъда ва  амалишавии лоиҳаҳо пешниҳоди хонандагон мегардад.

АМИТ «Ховар»: Лутфан, каме дар бораи Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ, ҳадафи сафари шумо ба Тоҷикистон ва лоиҳаҳои амалишаванда  маълумот медодед.

Иштирок дар ҷашни Тиргон, иди зардолу ва асал дар шаҳри Хуҷанд

8 июли соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар ҷашни Тиргон, Иди зардолу ва асал иштирок намуданд.

Пешниҳоди дастранҷи кишоварзон, маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои гуногуни миллӣ, анвои зиёди маҳсулоти нонӣ, раванди омодакунии маҳсулоти гуногун аз зардолу ва намоишҳои фолклорӣ чорабиниро ба базмгоҳи ҳақиқии фараҳу хушҳолӣ ва шукргузорӣ аз фазои осудаи Ватану фаровонии ҳосили зироати кишоварзӣ табдил дода буд.

Дар гӯшаҳои намоишгоҳ полезӣ, зардолу, ғалладонагӣ ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ дар шаклҳои гуногун бо тасвирҳои зебо пешниҳод карда шуд.

Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ бар меояд, миллати кӯҳанбунёду тамаддунофари тоҷик дар истифодаи самараноки замин, истеҳсоли неъматҳои моддӣ ва такмили таҷрибаи заминистифодабарӣ дар олам нақши муҳим гузоштааст. Ҷашнҳои чоргонаи кишоварзӣ – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон мисоли таҷрибаи омӯзандаи миллати кӯҳанбунёди тоҷик ва шуҳрат доштан дар истеҳсоли маҳсулоти босифати кишоварзӣ мебошад.

Машварати корӣ бо роҳбарияти вилояти Суғд ва раисони шаҳру ноҳияҳои он

8 июл дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он машварати корӣ доир карданд.

Дар кори машварат натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд давоми 6 моҳи аввали соли 2023 муҳокима гардида, вазифаҳо барои нимсолаи дуюм муайян карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари кориро, ки аз 5 то 8 июл дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷараён дошт, натиҷагирӣ карда, доир ба вазъи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят ва вазифаҳои дарпешистода андешаронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки вазъи ҷаҳони имрӯза, бархӯрдҳои шадиди сиёсиву низомӣ дар баъзе кишварҳо ва минтақаҳои дунё, тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои вазнини он - хушксолӣ ва камобии пайдарҳам зиндагии мардуми сайёраро, махсусан, дар самти таъминот бо маводи ғизоӣ торафт мушкилтар гардонида истодааст.

Сарвари давлат дар робита ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур шумурданд, ки татбиқи пурраи ҳадафҳои стратегӣ ва Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат оид ба пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, бояд вазифаи ҳар як фарди бедордил бошад.

Страницы