Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси таҳкими дӯстии байни халқҳо мебошад
Нашр шуд. Шан, 08/07/2023 - 14:49
Имрӯз, 7 июл дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии ҳайатҳоикории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Федератсияи Русия таҳти унвони «Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-асоси таҳкими дӯстии байни халқҳост» баргузор гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.
Нахуст ҳайати фарҳангии Русия аз утоқҳои дастхатҳо, китобҳои қадимаи адибони классики тоҷик дидан карда, бо фарҳангу маданияти халқи тоҷик ошноӣ пайдо намуд.
Сипас, вобаста ба ҳамкорӣ дар самти фарҳанг, аз қабили баргузории барномаҳои ҳунарӣ, намоишномаҳои театрӣ, таъмини мутахассисони соҳаи театру кино, баргузории дарсҳои омӯзишӣ аз ҷониби мутахассисон ва ғайраҳо ибрози назар карда шуд.
Бояд гуфт, ки аз 6 то 13 июли соли равон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегарданд.
Ҳайати 64-нафараи ҳунармандони Русия аз 6 то 11 июл барномаҳои ҳунарии хешро дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор менамоянд.
Ҳунармандони бомаҳорати Русия дар ҳайати пианинанавози машҳур, Ҳунарпешаи халқии Русия Денис Матсуев, Ансамбли давлатии академии рақси халқии «Налмэс» –и Ҷумҳурии Адигея дар ин рӯзҳо бо барномаҳои ҷолибу диданӣ хотири тамошобинонро болида мегардонанд.

8 июл дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар шаҳри Хуҷанд ба дарёи Сир як миллион дона моҳича сар доданд.



