Ахбор

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бо раванди истеҳсолот дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арвис Зелал Текстайл» шинос шуданд

7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин маҷмааи бузурги ресандагӣ бо саҳмгузории соҳибкорони Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркия моҳи декабри соли 2022 баъди таҷдид дубора ба фаъолият оғоз намуд ва дар он зиёда аз 300 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Дар корхонаи калони ресандагӣ шумораи бештари кормандонро занону духтарон ташкил дода, бо ҷойи кор таъмин намудани 200 нафари дигар имконпазир аст.

Дар ин марҳилаи истеҳсолот дар маҷмуъ шумораи кормандон ба 500 нафар расонида мешавад ва музди миёнаи меҳнат 1500 — 2000 сомониро ташкил медиҳад.

Кумаки Президенти Тоҷикистон ба зарардидагони офати табиӣ дар ноҳияи Роштқалъа дастрас гардид

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади сари вақт бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва бунёди манзилҳои истиқоматӣ ба сокинони аз офати табиӣ зарардида маҳсулоти ниёзи аввал, сару либос ва масолеҳи сохтмонӣ кӯмак карда шуд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки аз рузҳои нахустини офати табиӣ дар деҳаи Миденведи Ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ситод ташкил шуда, вазъият таҳти таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат қарор дорад.

Субҳи рӯзи 6-уми июли соли равон кӯмакҳои навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастраси зарардидагон гардонида шуд.

Айни замон сокинони зарардида дар истироҳатгоҳи “Шабдез”-и ноҳия мувақатан зиндагӣ намуда, барои онҳо муҳимтарин шароит, аз ҷумла ҷойи хоб, анбори нигоҳдории маводи озуқаворӣ, бунгоҳи тиббӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ муҳайё гардидааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳи автомобилгарди «Бӯстон-Обшорон-Зарнисор»-ро ба истифода доданд

7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисорро мавриди истифода қарор доданд. Масофаи роҳ 38 километр буда, ноҳияи Мастчоҳ ва як қатор деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон мепайвандад.

Таҷдиди роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисор яке аз лоиҳаҳои калонҳаҷми соҳаи роҳсозӣ маҳсуб меёбад, ки тибқи супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ дар асоси шартномаи сетарафа байни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин”, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муассисаи корҳои механиконидаи “Сомонӣ” ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо харҷи беш аз 75 миллион сомонӣ татбиқ гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи истифодаи солҳои тӯлонӣ ин роҳ фарсуда гардида буд ва он пурра азнавсозӣ карда шуд.

Корҳои сохтмону азнавсозии роҳи автомобилгард ва иншооти марбутаи онро коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Муассисаи корҳои механиконидаи “Сомонӣ” бо ҷалби коргарону мутахассисон ва техникаю механизмҳои роҳсозӣ дар муҳлати беш аз як сол бо сифати баланд ба анҷом расониданд.

Роҳи автомобилгарди Бӯстон-Обшорон-Зарнисор дар масофаи 38 километр пурра аз таҳкурсӣ аз нав сохта, аз рӯи меъёрҳои роҳсозӣ ду қабат асфалт хобонида шудааст. Паҳноии асфалти роҳ аз 7 то 11 метрро ташкил медиҳад.

Дар масофаи ин роҳ ду пули нави мошингузар сохта, ду пули мавҷуда пурра таъмиру навсозӣ карда шуд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии «Раҳим»-ро мавриди истифода қарор доданд

7 июл дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии «Раҳим»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии «Раҳим» бо усули меъмории замонавӣ бунёд ёфта, аз чор ошёна иборат аст. Дар ошёнаи якум қабулгоҳ, маъмурият, ҳуҷраи кормандон, 3 ҳаммоми замонавӣ, ҳавзи шиноварӣ, мағоза, дар ошёнаи дуюм толори варзишӣ, ҳаммоми усули туркӣ, дар ошёнаи сеюм қаҳвахона, утоқи мураббиёни варзиш, маҷлисгоҳ, дар ошёнаи чорум 11 ҳуҷраи мехмонхона ҷойгир аст.

Ҳуҷраҳои меҳмонхона бо усули хоси аврупоӣ ва миллӣ сохта шуда, барҳавою зебо ва наззаррабо мебошанд.

Сохтмони бинои меҳмонхона соли 2020 шуруъ гардида, дар бунёди он соҳибкори ватанӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанзода саҳм гузошта аст.

Корҳои сохтмонии иншооти мазкурро 40 нафар сохтмончии маҳаллӣ анҷом додаанд. Барои бунёди меҳмонхона ва биноҳои ёрирасони он беш аз 4 миллион сомонӣ маблағ равона гардидааст. Дар иншооти нави соҳибкори ватанӣ беш аз 20 сокини ноҳияи Мастчоҳ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.

Страницы