Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии «Раҳим»-ро мавриди истифода қарор доданд

7 июл дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии «Раҳим»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии «Раҳим» бо усули меъмории замонавӣ бунёд ёфта, аз чор ошёна иборат аст. Дар ошёнаи якум қабулгоҳ, маъмурият, ҳуҷраи кормандон, 3 ҳаммоми замонавӣ, ҳавзи шиноварӣ, мағоза, дар ошёнаи дуюм толори варзишӣ, ҳаммоми усули туркӣ, дар ошёнаи сеюм қаҳвахона, утоқи мураббиёни варзиш, маҷлисгоҳ, дар ошёнаи чорум 11 ҳуҷраи мехмонхона ҷойгир аст.

Ҳуҷраҳои меҳмонхона бо усули хоси аврупоӣ ва миллӣ сохта шуда, барҳавою зебо ва наззаррабо мебошанд.

Сохтмони бинои меҳмонхона соли 2020 шуруъ гардида, дар бунёди он соҳибкори ватанӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанзода саҳм гузошта аст.

Корҳои сохтмонии иншооти мазкурро 40 нафар сохтмончии маҳаллӣ анҷом додаанд. Барои бунёди меҳмонхона ва биноҳои ёрирасони он беш аз 4 миллион сомонӣ маблағ равона гардидааст. Дар иншооти нави соҳибкори ватанӣ беш аз 20 сокини ноҳияи Мастчоҳ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ бо раванди истеҳсолот дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арвис Зелал Текстайл» шинос шуданд

7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд.

Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин маҷмааи бузурги ресандагӣ бо саҳмгузории соҳибкорони Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркия моҳи декабри соли 2022 баъди таҷдид дубора ба фаъолият оғоз намуд ва дар он зиёда аз 300 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Дар корхонаи калони ресандагӣ шумораи бештари кормандонро занону духтарон ташкил дода, бо ҷойи кор таъмин намудани 200 нафари дигар имконпазир аст.

Дар ин марҳилаи истеҳсолот дар маҷмуъ шумораи кормандон ба 500 нафар расонида мешавад ва музди миёнаи меҳнат 1500 — 2000 сомониро ташкил медиҳад.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арвис Зелал Текстайл», ки ҳоло дар се баст фаъолият дорад, дар як сол имконияти коркарди саноатии 6,5 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 5 ҳазору 400 тонна ресмони пахтагини андозааш 16, 20, 24 ва 30 мавҷуд мебошад.

Ифтитоҳи Коргоҳи коркард ва истеҳсоли конструксияҳои металлии ҶДММ “Сохтмони Кабир” дар шаҳри Хуҷанд

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи коркард ва истеҳсоли конструксияҳои металлии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмони Кабир”-ро ифтитоҳ намуданд.

Коргоҳи коркард ва истеҳсоли конструксияҳои металлӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи “Солҳои рушди саноат” – 2022-2026  аз тарафи соҳибкори ватанӣ Комил Турдибоев бунёд шудааст.

Бо таъсиси коргоҳи нав 20 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид. Бо дарназардошти афзоиши талабот ба маҳсулоти коргоҳ ва сари вақт иҷро намудани фармоиш боз 10 нафари дигар ба кор ҷалб карда мешаванд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки металл ба коргоҳ аз дохил ва хориҷи кишвар ворид гардида, раванди коркард ва истеҳсоли конструксияҳо  тавассути хатҳои муосири технологӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар коргоҳи навбунёд номгӯи зиёди конструксияҳои металлӣ, аз ҷумла гунбазҳо барои бинои иншооти гуногун, маҷмааҳои  варзишӣ, терминалҳои мусофирбарӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, намоишгоҳҳо, пулҳо, роҳҳои пиёдагарди рӯизаминӣ ва амсоли ин бо шаклу анзодаҳои зарурӣ бо сатҳу сифати баланд коркард ва истеҳсол мегардад.

Ба гуфти мутахассисон конструксияҳои металлии коркард ва истеҳсоли коргоҳ дар асоси лоиҳаи иншооти сохташаванда бо фармоиши мизоҷон омода карда мешавад, ки муҳлати истифодаи тӯлонӣ доранд.

Ифтитоҳи Корхонаи коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфии ҶДММ “Папирус” дар шаҳри Хуҷанд

6 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Корхонаи коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти палиграфии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Папирус”-ро ба истифода дода, бо имконияти истеҳсолии он шинос шуданд.

Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, корхонаи истеҳсолӣ  асосан ба коркарди қоғаз ва истеҳсоли дафтарҳои мактабӣ, фаннӣ, корӣ ва албом машғул мебошад.

Корхона бо хатти муосири истеҳсолӣ, ки сифати маҳсулотро ҳамаҷониба таъмин менамояд ва аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ фаъолият мекунад, таъмин гардидааст.

Иқтидори шабонарӯзии корхона 150-200 ҳазор дафтарҳои гуногун ва албомро ташкил медиҳад, ки дар як моҳ ба 4,5 миллион дона баробар мешавад. Барои истеҳсоли ин миқдор маҳсулот 140-150 тонна ашёи хом коркард мешавад.

Маҳсулоти истеҳсолкардаи корхона ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда ба ҳисоб меравад. Тақрибан 98 дарсади маҳсулоти истеҳсолшуда барои содирот пешбинӣ шудааст.

Корхонаи нави истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Папирус” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ дар доираи дастгириҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, барои ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид маҳсуб меёбад.

Зимни шиносоӣ Сарвари давлат ба маҳсулоти истеҳсолшуда ва фаъолияти коргарон баҳои баланд дода, намояндагони бахши хусусиро барои истифодаи бештар аз имтиёзҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати мамлакат ва дар ҳамин замина афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулот ҳидоят карданд.

Страницы