Ифтитоҳи Маркази савдо ва фароғатии “Хонаи ман” дар шаҳри Хуҷанд
Нашр шуд. Пан, 06/07/2023 - 10:596 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати варзишгоҳи 20 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маркази савдо ва фароғатии “Хонаи ман”-ро ба истифода доданд.
Иншооти хизматрасонӣ аз 3 ошёна иборат буда, дар масоҳати қариб 6 ҳазор метри мураббаъ бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандарти меъмории муосир сохта шудааст.
Дар Маркази савдою хизматрасонии “Хонаи ман” дар маҷмуъ 70 нафар бо ҷойи кор таъмин шудааст ва оянда бо васеъ кардани доираи фаъолият шумораи кормандон ба 100 нафар расонида мешавад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти хизматрасонӣ соли 2019 оғоз гардида буд. Дар зарфи ду сол 90 нафар мутахассиси соҳибтаҷриба тавонистанд иншоотро бо тарҳи зебо, мутобиқ ба талаботи замон ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд созанд.
Тавассути бунёди ҳамин гуна маркази хизматрасонии хуштарҳу замонавӣ ва дар асоси таҷрибаи ғанӣ ба роҳ мондани фаъолият хизматрасонӣ ба талаботи муосири сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида мешавад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз шароити муосир таваҷҷуҳи кормандонро ба хизматрасонии сатҳи баланду босифат ҷалб карданд.
Дар ошёнаи якуми бино фаъолияти аввалин намояндагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ёвар” дар вилояти Суғд ба роҳ монда шуд.
Дар ин ҷо ҳамагон метавонанд аз хизматрасонии маркази калони савдо, дорухона ва нуқтаи фурӯши таҷҳизоти электронӣ истифода намоянд.

Имрӯз, 6 июл Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мешавад. Ҳайати 64-нафараи ҳунармандони Русия аз 6 то 8 июл барномаҳои ҳунарии хешро дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд баргузор менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд парваришгоҳи нигоҳдории ҳайвоноти нодирро ба истифода доданд.



