Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ бинои Қасри фарҳанги деҳоти Урметанро мавриди истифода қарор доданд
Нашр шуд. Пан, 06/07/2023 - 10:48
5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Айнӣ бинои Қасри фарҳанги деҳоти Урметанро пас аз таҷдиду навсозӣ мавриди истифода қарор дода, дар барномаи фарҳангӣ иштирок намуданд.
Бинои Қасри фарҳанги деҳоти Урметан дар асоси дастуру ҳидоят ва сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи созандагиҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ таҷдиду навсозӣ гардида, дар он барои фаъолияти аҳли ҳунар шароити муосир муҳайё карда шуд.
Иншоот дар масоҳати 1500 метри мураббаъ ҷойгир буда, корҳои бунёдӣ аз тарафи паймонкор Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷикэлитсохтмон» бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар муҳлати муайянгардида бо сифати баланд ба анҷом расонда шуд.
Толори асосии иншоот дорои 240 ҷойи нишаст буда, дар он барои пешниҳоди барномаҳои фарҳангӣ тамоми воситаҳои зарурӣ васлу насб карда шудааст. Ҳуҷраҳои либосивазкунӣ, пардозгарӣ, корӣ ва дигар иншооти ёрирасон низ бо шароити замонавӣ таъмин мебошанд.

5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Айнӣ дар деҳоти Урметан майдони Парчами давлатии Тоҷикистонро ифтитоҳ карда, парчамро парафшон намуданд.
5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ бинои нави Беморхонаи минтақавии деҳаи Урметанро ифтитоҳ намуданд.
5 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ «Қасри паҳлавонони суғдӣ» ва майдончаи бозии футболро ифтитоҳ намуданд.



