Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашр шуд. Пан, 29/06/2023 - 18:08
29 июн дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис нахуст Дар бораи Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 гузориши директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Зафарбек Давлатзода шунида шуд.
Таъкид гардид, ки Барнома ҷиҳати амалигардонии ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Нақшаи чорабиниҳои Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 ва дигар санадҳои соҳавӣ оид ба азнавсозӣ ва барқарорсозии инфрасохтори обёрӣ, пешгирӣ намудани хавфи аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои кишоварзии минтақаи обёрии мошинӣ, инчунин ҷорӣ намудани таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ барои сарфа кардани истифодаи нерӯи барқ тавассути пойгоҳҳои обкашӣ равона карда шудааст.

Тавре қаблан хабар додем, бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи ҳукуматӣ ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис дода шуд. Дастур дода шуд, ки барои таъмини бехатарии аъзои оилаҳои зарардидаи соҳили дарёи Шохдара, аз ҷумла ба ҷойҳои бехавф кӯчонидан, бо маводи ғизоӣ ва дигар шароити...
Моҳияти инсондӯстии таълимоти дини мубини Ислом маҳз дар анҷом додани амалҳои нек ва корҳои хайру савоб зоҳир мегардад. Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба муносибати Иди саиди Қурбон.




