Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар
Нашр шуд. Пан, 08/06/2023 - 17:29Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону Қатар дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳо оғоз гардида, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадр Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ва ҳайати ҳамроҳашро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфтанд.
Зимни мулоқоту музокирот, ки дар фазои дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва эътимод баргузор гардид, ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва дурнамои рушду тавсеаи онҳо, таҳкими бештари заминаи ҳуқуқӣ, робитаҳои ду давлат дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву башариро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар ҷараёни баррасии роҳҳои тақвияти минбаъдаи муколамаи созандаи сиёсии байнидавлатӣ зарурати густариши ҳамкории байнипарлумонӣ ҳамчун заминаи мусоид барои пешбурди ин раванд арзёбӣ гардид.
Ҷонибҳо аз сатҳу раванди муносибатҳои ду давлат ва аз ҷараёни рушди устувори онҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.
Афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол, тавсеаи сохтори тиҷорати мутақобила ва ҷалби бештари сармоягузорони Қатар ба соҳаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон амри зарурӣ шумурда шуд.
Тоҷикистон, дар баробари таъйиди таҷрибаи неки муштарак, алоқамандии худро ба тавсеаи ҳамкорияш бо Қатар дар соҳаи сармоягузорӣ иброз дошт.



Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» доир ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик ва саҳми тоҷикон дар рушди фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ таҳия ва наворбардории филми мустанади «Тоҷикон»-ро бо коргардонии Рустам Шоазимов оғоз намуда, наворбардорӣ, бандубаст, танзим, садогузориву оҳангсозии филмро идома медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад...



