Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва
Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии
Беларус озод намудани Ҳақдод М.М.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмуд бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ва ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Эстония, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Латвия, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Литва, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Финляндия, Намояндаи доимӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
31 майи соли 2023
№570

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

«Buta Airways» дар масири Боку-Душанбе-Боку нахустин парвози мустақимро анҷом дод

Имрӯз аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Озарбойҷон «Buta Airways» дар масири Боку-Душанбе-Боку нахустин парвози мустақими ҳавоӣ анҷом дода шуд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иттилоъ медиҳад, ки ҳавопаймои ширкати «Buta Airways» расо соати 10:00 ба вақти Душанбе дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе нишаст анҷом дод.

Интизор меравад, ки бо назардошти афзоиши шумораи мусофирон дар хатсайри мазкур дар оянда парвозҳо дар ин масир рӯзҳои душанбе, сешанбе ва панҷшанбе ташкил карда мешавад.

Ифтитоҳи хатсайри ҳавоии мустақим дар масири Боку-Душанбе-Боку рӯйдоди муҳим дар тақвияти равобити иқтисодию фарҳангӣ ва гуманитарию сайёҳии Тоҷикистон ва Озарбойҷон арзёбӣ гардида, таъкид карда шуд, ки ташкили парвозҳои мустақим дар масири Боку-Душанбе-Боку дар самти равобити иқтисодию иҷтимоии ду давлати дӯсту бародар –Тоҷикистон ва Озарбойҷон, хусусан афзоиши мубодилаи мол, рафтуои шаҳрвандон, ҳамлу нақли транзитӣ ва аз ҳама асосӣ- рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат намуда, ба он такони ҷиддӣ мебахшад.

Бояд тазаккур дод, ки ширкати «Buta Airways» воҳиди сохтории Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи ҳавоии Озарбойҷон -AZAL буда, моҳи сентябри соли 2017 ба фаъолият оғоз кардааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи шодбошӣ ирсол намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи шодбошӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Ҷаноби Олӣ,

Шуморо ба муносибати пирӯз гардиданатон дар интихоботи президенти Ҷумҳурии Туркия табрик ва таҳният гуфта, таманниёти неку самимии худро мерасонам.

Натиҷаҳои ин чорабинии муҳими сиёсӣ боз як далели эътимоди ҷомеаи Туркия ба Шумо ва аз ҷониби он ба таври васеъ дастгирӣ ёфтани сиёсати созандаатон мебошад, ки ба рушди пойдори кишвар ва таҳкими нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст.

Бо истифода аз фурсат мехоҳам таваҷҷуҳи пайвастаи Шуморо ба раванди густариши робитаҳои анъанавии дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистону Туркия таъкид намоям.

Бовар дорам, ки дар давраи нави фаъолияти Шумо дар ин маснади олӣ мо муколамаи созандаи байнидавлатии ҷонибҳоро идома бахшида, ба нафъи мардумонамон мазмуну муҳтавои муносибатҳои шарикии дарозмуддати ду кишварро бо тадбирҳои нави амалӣ боз ҳам ғанӣ хоҳем гардонид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳритус дидбонгоҳҳои нави сарҳадиро ифтитоҳ карда, дар чорабинии идона ба муносибати 29-умин солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ иштирок намуданд

28 майи соли 2023 аз таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон 29 сол пур шуд.

Ба ифтихори ин санаи таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ташриф оварда, дидбонгоҳҳои сарҳадии “Айвоҷ” ва “Меҳнат”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Дар Отряди сарҳадии “Айвоҷ”- и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври маҷозӣ (онлайн) иншооти як қатор отрядҳои сарҳадӣ ва дидбонгоҳҳои муосирро, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати бисёр кӯтоҳ бо сатҳу сифати баланд ва бо техникаву таҷҳизоти муосири низомӣ муҷаҳҳаз бунёд шудаанд, мавриди истифода қарор доданд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба шароити муосири хизмат ва омодагии ҳайати низомӣ барои ҳифзи марзи давлатӣ дар дидбонгоҳҳои нав фармондеҳони отрядҳои сарҳадӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон, Рӯшон, Дарвоз ва Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, се дидбонгоҳ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, 7 дидбонгоҳ дар ноҳияҳои Панҷ, Фархор, Дӯстӣ ва Ҷайҳуни вилояти Хатлон гузориш доданд.

Страницы