Ахбор

ИМРӮЗ — РӮЗИ САРҲАДБОНОНИ ТОҶИК. Онҳо на танҳо марзҳои Тоҷикистон, балки амнияти давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро низ ҳимоят мекунанд

Неруҳои марзбони Тоҷикистон, ки зодаи даврони истиқлоли мамлакатамон мебошанд, ҳамчун сипари боэътимоди давлатдории навини тоҷикон яке аз рукнҳои муҳимтарини Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Мо имрӯз ифтихор мекунем, ки сарҳадбонони мо марзу буми сарзамини аҷдодӣ, яъне амнияту суботи давлат ва оромиву осоиши ҷомеаро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ таъмин карда истодаанд». Ин иқтибос аз суханронии Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи сарҳадбонон аз 28 майи соли гузашта аст, ки дар он ба нақши муҳими муҳофизони сарҳад дар таъмини сулҳу субот ва амнияти Ватан баҳои баланд дода шудааст.

Бо мақсади таъмин намудани назорати сарҳади давлатӣ ва пешгирӣ кардани воридшавии унсурҳои террористиву экстремистӣ ва қочоқи силоҳу маводи мухаддир 28 майи соли 1994 дар сохтори мақомоти амнияти ҷумҳурӣ Қӯшунҳои сарҳадӣ таъсис ёфта, ин санаи таърихӣ ҳамчун Рӯзи сарҳадбонон эълон карда шуд.

Инак, аз таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 29 сол сипарӣ мешавад. Дар ин давраи кӯтоҳи таърихӣ Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат тавонистанд аз як бригадае, ки танҳо силоҳи одии оташфишон дошт, то ба муҷаҳҳазтарин ва муҳимтарин ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ табдил ёбанд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳритус аз Хоҷагии деҳқонии ба номи «Бобои Алимардон» боздид намуданд

27 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Пешвои миллат бо фаъолияти Хоҷагии деҳқонии “Бобои Алимардон” шинос шуда, аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд.

Хоҷагии мазкур дар масоҳати 4,10 гектар замин ташкил гардида, дар он зироати гуногуни кишоварзӣ парвариш карда мешавад. Аҳли заҳмати хоҷагӣ дар масоҳати 2,4 гектар замин пахта, дар 10 садяк замин картошка, дар 30 садяк пиёз ва дар масоҳати 25 садяк помидору дар 40 садяк полезӣ ва дар масоҳати 65 садяк замини дигар гандум кишт намудаанд.

Ин шабу рӯз хоҷагидорон ба ҷамъоварии гандум, маҳсулоти полезӣ ва картошкаву пиёз машғул мебошанд. Маданияти истифодаи замин дар ин мавзеъ ба монанди дигар гӯшаҳои ноҳияи аграрии Шаҳритус дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.

МУБОРАК БОШАД! «Куллиёти Мавлоно» ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид

24 май бо қарори Ниҳоди иҷроияи ЮНЕСКО Куллиёти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ҳамчун мероси ҳуҷҷатӣ расман ба Феҳристи Хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Пешбарии «Куллиёти Мавлоно» аз ҷониби Тоҷикистон, Эрон, Булғористон, Олмон...

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи Шӯрои олии иқтисодии авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё иштирок намуданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи Шӯрои олии иқтисодии авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба ҳайси роҳбари давлати даъватшуда дар шакли маҷозӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷаласаи Шӯро дар шаҳри Москва таҳти раёсати

Страницы